Мурофиаи сайёри судӣ дар қисми харбии 6592 ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судя подполковники адлия Шарифзода Р.Ҳ.

Мурофиаи сайёри судӣ дар қисми харбии 6592 ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Шарифзода Р.Ҳ., бо  котибии маҷлиси суди капитани адлия Давлатов Б.Ш. бо айбдоркунандаи давлатӣ полковники адлия Икромзода М., дар маҷлиси сайёри судӣ парвандаи ҷинояти нисбати судшаванда Раҳимов Салимҷон Султонович, бо моддаи 373 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Инчунин ба маълумоти Шумо мерасонем, ки судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Шарифзода Р.Ҳ., бо котиби маҷлиси суди капитани адлия Давлатов Б.Ш. бо ҳайати шахсии қисми харбии 6592 ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 сол, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Стратегияҳо муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сокинони кишвар баҳри риояи расму ойин, анъанаву сунатҳо ва фарҳанги миллӣ, инчунин ҳидоят намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона, фарҳанги оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани оилаҳо ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузарнидаанд.