Маҷлиси тантавӣ бахшида ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 ноябр дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки И.в. Раиси суд Шарифзода РҲ., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур сараввал раиси И.в. Раиси суд Шарифзода РҲ., кормандони судро бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз арзиши олии ин ҷашни бузург барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Дар охири маҷлис ширкаткунандагон бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.