Маҷлиси Тантанавӣ

Имрӯз, 15 ноябри соли 2023 дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе бахшида ба таҷлили 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси мазкур И.в. Раиси суд Шарифзода Р., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок доштанд.
Дар ҷамъомади мазкур сараввал И.в.раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳотам бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, дар хусуси аҳамияти таърихии ҷашнҳои мазкур суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардидани Иҷлосия муҳимтарин рӯйдод дар таърихи навини кишвар баҳри рушди Истиқлолияти мамлакат мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он қабулгардида дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ И.в. Раиси Суд иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашнҳои бузурги миллӣ табрик намуда, бо таманниёти нек ба кори маҷлис хотима бахшиданд.