Маҷлиси корӣ доир ба иҷрои Барнома ва Нақшаи чорабиниҳо

Маҷлиси корӣ доир ба иҷрои Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста амалисозии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марњилаи якум (солњои 2021-2025)

Имрӯз, 05-уми сентябри соли 2022 дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҷлиси корӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур, Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок намуданд.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.

Бо ин суханҳо имрӯз дар Суди ҳарби гарнизони Душанбе бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва дурусти бандҳои Нақшаи чорабиниҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021 – 2022, маҷлиси корӣ доир гардид.

Кори мизи маҷлисро раиси Суди ҳарби гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. оғоз бахшида, диққати иштирокчиёнро барои андешидани тадбирҳо бобати иҷрои саривақтӣ ва босифати Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия ҷалб намуда, қайд намуданд, ки бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Суди ҳарби гарнизони Душанбе Барномаи дохилиидоравӣ  ва Нақшаи чорабиниҳои Суди ҳарби гарнизони Душанбе вобаста он қабул гардидааст.

Дар идомаи маҷлис, судяи Суди ҳарби гарнизони Душанбе Шарифзода Анора баромад намуда, доир ба  мукаммал гардонидани Стратегияи қабулшуда, иҷрои нақша чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва камбудиҳое, ки дар раванди иҷрои нақша чорабинишҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ба миён омад ва иҷроиши онҳо дар нақша чорабиниҳои Стратегияи навқабулшуда ба инобат гирифта шуд, маърӯза намуд.