Маҷлиси идона бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

07 сентябри соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд Раҷабзода Ҳ.Н., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур сараввал раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. кормандони судро бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз арзиши олии ин ҷашни бузург барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниётҳои некӣ худро иброз доштанд.

Қайд карда шуд, ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Дар охири маҷлис ширкаткунандагон бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.