ЛЕЙТЕНАНТИ ҚАЛЛОБ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе нафароне ҳастанд, ки бо роҳи фиреб ва қаллоби ҷиноят содир мекунанд.

Хизматчии ҳарбӣ, лейтенант Каробоев Давлат Расулович пас аз хатми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони Фармондеҳи ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 372 аз 22-июни соли 2021 барои таъин намудан ба вазифаи мушаххас ба ихтиёри кадрҳои ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинии сиёсӣ-давлатӣ ва иштирок дар Паради ҳарбӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ба қисми ҳарбии 0119 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардид. Ӯ дар давраи адои хизмати ҳарбӣ аввалҳои моҳи сентябри соли 2021 бо хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 02615 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршики калон Одинаева Зулфия Усмоналиевна шиносои пайдо намуд. Ў, ки мақсад дошт, ки зудбоварии Одинаева 3. У.-ро истифода намуда ба бовариаш даромада ҷиҳати тасарруф намудани молу мулкаш нақшаи ҷинояткорона таҳрези намуд.

23 сентябри соли 2021 ӯ бо мақсади амали намудани қасди пешгирифтааш, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо роҳи фиреб прапоршики калон Одинаева 3.У.-ро ба маркази савдои “Ашан” даъват намуда таклиф кард, ки тавассути корти бонкии Алиф-саломи номбурда барои худ бар ивази 3000 сомонӣ, ки бо дарназардоштї 20 фоизи солона 3491 сомониро ташкил медод телефони мобилии тамғаи “Самсунг М32” ба тариқӣ насия харидорӣ намояд. Ӯ бо суханони дуруѓу бофтааш прапоршики калон Одинаева 3.У.-ро бовар кунонид, ки дар муҳлати муқарарнамудаи ҷадвали пардохти қарзӣ маблаѓи телефони мобилии тариқӣ насия ба номи номбурда гирифтаашро ба суратҳисоби Одинаева З.У., пардохт менамояд. Дар як вақт бо мақсади пурра ба боварии Одинаева 3.У., даромадан аз маблаѓи 3000 сомонии телефони мобилии ба насия мегирифтааш 560 сомониашро ба бокни Алиф-салом аз номи Одинаева 3.У., пешпардохт намуд. Одинаева 3.У., ки фирефтаи суханони дуруғу бофтаи ӯ шуда буд тавассути корти бонкии Алиф-саломӣ худ силсилаи 182363 барои ӯ ба маблаѓи 3000 сомонї, ки бо 20 фоизи солона 3491 сомониро ташкил медод телефони мобилии тамгаи “Самсунг М32”-ро ба муҳлати 1 сол ба ному насаби худаш ба насия харидорї намуд. Худи ҳамон лаҳза ин телефони мобилиро барои истифодабарї ба ӯ дод.

Пас аз ба мақсади ниҳоии худ расидан, яъне дастрас намудани телефони мобилӣ ӯ аз Одинаева 3.У., канорагирӣ намуда дар ин миён телефони мобилии бо роҳи фиреб ба дастовардаашро дар маркази савдои “Садбарг” ба шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълум ба маблаги 2300 сомонӣ фурухта маблағашро ба манфиати шахсии худ сарф кард. Минбаъд ӯ бо ҳар баҳона ваъдаи бардуруғӣ додаашро ҷиҳати пардохти маблаги телефони мобилии тариқӣ насия гирифтааш ба суратҳисоби корти бонкии Алиф-саломи Одинаева 3.У., иҷро накарда, ягон маблағи пулӣ пардохт накарда пинҳон шуда гашт. Дар ин давом Одинаева З.У., ҳармоҳа тибқи муҳлати муқарарнамудаи ҷадвали пардохти қарзи маблағи телефони мобилии тариқӣ насия ба номаш барои ӯ харидори кардаро ба суратҳисоби худ ба ҷои ӯ пардохт намуд. Аз ин кирдорҳои қасдонаи ӯ ба шаҳрванд Одинаева 3.У., ба маблағи умумии 2931 сомонӣ зарари ҷиддӣ модди расонида шуд.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 21-уми феврали 2022 сол Каробоев Давлат Расулович бо моддаи 247 қисми 2 бандњои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21900 (бисту як ҳазору нуҳсад) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

 

Судяи суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

полковники адлия                                                                                    Рустамзода М.Р.