Лату куби сарбозон боиси як сол маҳрум сохтан аз озодӣ гашт.

Хизматчии харбӣ Ойев Ҳабибулло Умарович, 6 апрели соли 2017 бо қарори комиссияи даъватии шаҳри Ваҳдат ба хизмати харбӣ даъват гардида, барои адои хизмати харбӣ ба Маркази таълимии “Пойтахт”-қисми ҳарбии 0123 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст. Дар асоси фармони командири қисми ҳарбии 0123 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.соли 2017, қаторй Ойев Ҳ.У. барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 0113-и ҳамин сохтор, воқеъ дар ноҳияи Лахш фиристонида шуда, номбурда ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар чунин ҳолат даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

Чунончи Ойев Ҳ.У., таърихи 12.10. соли 2018 тахминан соати 19:30 дақиқа бархилофи талаботҳои моддаҳои 8, 9, 13, 14, 16, 64 ва 155 Оиномаи хизмати дохилӣ ва моддаҳои 1, 4, 5 ва 6-и Оиномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон амал намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ аз дигар хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии мазкур, қаторӣ Дустов Русланҷон Ойбековичро бо баҳонаи он, ки гуё қаблан ҳангоми дар дидбонгоҳи якуми сарҳадии қисми ҳарбии мазкур якҷоя адои хизмат намуданашон аз тарафи охирин мавриди лату куб ва таҳқир қарор гирифтааст, ба назди ҳоҷатхонаи қисми ҳарбии мазкур, ки дар масофаи тахминан 15 метр дуртар дар пушти бинои анборҳои хурока ва нуктаи тиббии қисми ҳарбии мазкур ҷойгир мебошад, даъват намудааст.

Сипас ӯ аз торикии шаб, танҳоии Дустов P.O. ва ҷои хилват истифода намуда, ҳолати қаблан аз тарафи охирин мавриди лату куб шуданашро ба хотир оварда, ҳангоме, ки Дустов P.O. аз қасди ҷинояткоронаи ӯ огоҳ набудааст, якбора бо каллааш як зарбаи сахт ба бинии Дустов P.O. зада, ба охирин зарари ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, таҳти № 80 аз 03 январи соли 2019 ҷароҳати бардоштаи қаторӣ Дустов P.O. дар намуди шикасти устухони хараки бини бо беҷошавӣ, латхурии бофтаҳои мулоими ин мавзеъ ҳамчун зарари сабук ба саломатӣ мансуб дониста шуда, на зиёда аз 21 рӯз ҷисми инсонро ноором месозад.

Ҳамин тариқ қаторӣ Ойев Ҳ.У. қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизмтӣ дар байни онҳоро дағалона вайрон намуда, бархилофи оиномаҳои боло зикршуда рафтор намуда, шаъну эътибори хизматчии харбӣ сержанта хурд Абдурасулов Х.Б.-ро, ки дар тобеияташ қарор надошта буд, паст зада нисбаташ қувваи зурии ҷисмонӣ истифода карда ба саломатии ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Бо чунин ҳаракатҳояш Ойев Хдбибулло Умарович бо моддаи 373 кисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ин қисми модда ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

 

  •              Судяи суди ҳарбии
  •              ганизони Душанбе
  •              подполковники адлия                                     Саидзода З.С.