Эмомалӣ Раҳмон пойягузори давлатдории навини Тоҷикистон.

Таърих гувоҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бадаст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар як вазъияти мураккаби таърихӣ қарор гирифта,  ҳар лаҳза нестшавӣ онро таҳдид мекард. Бо қувваи таъсиррасонии доираҳои хориҷӣ, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ болои миллати тоҷик бор гардида буд, амалҳои гуногун дар кишвар зуд зуд ба вуқуъ пайваста, сабаби ноустувории пойяҳои давлатдорӣ гардида буданд.

Ба қавли шоҳидони ҷанги шаҳрвандӣ дар ин марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ миллати тоҷик аз ду роҳ бояд як роҳро интихоб мекард. Ҳамчун миллати воҳид сарҷамъ гардида, давлатдории навини худро пеш мебурд ва ё омили нест шудан аз харитаи ҷаҳон мегардид. Хушбахтона, бо бологардидани ақли солим ва ташакулли бедории миллӣ,  халқи тоҷик ба пураги дарк намуд, ки ягона роҳӣ таъмини оромию осудагӣ ва боқи мондан дар харитаи ҷаҳонӣ ин танҳо дар сарҷамъию мутаҳиддист.

Новобаста аз ин, дар маркази кишвар шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он набардҳои мусаллаҳона аз ҷониби гӯруҳои ҷиноятпеша идома ёфта, имкони сарҷамъии вакилони мардумӣ ва дигар равшанфикрон дар пойтахти мамлакат вуҷуд надошт. Ба ин хотир,  Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Зеро аз ҷониби вакилони мардумӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва заминаҳои рушд дар кишвар ба миён гузошта шуд.

Роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсаднокеро оғоз намуда, бо бусидани парчам, тамоми қувваҳои даргирро баҳам оварда, барои саҳмгузорӣ дар таъмини оромию осоиштагӣ бо ёд намудани савганди ватандорӣ ҷонибҳоро мутаҳид намуд.

Инчунин, Сарвари давлат барои хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ фазои қонунгузориро ба миён гузошта, муайян намудани низоми давладорӣ, қабули қонуни асосӣ ва рамзҳои давлатӣ яке аз вазифаҳои асосӣ барои иштирокдорони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки “Ман ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби намояндагони мардумӣ пазироӣ гардида, дар иҷлосияи мазкур раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар заминаи талошу заҳматҳои абармардони миллат, хусусан фидокориҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зафи 31 соли соҳибистиқлолӣ имрӯз ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмин гардида, дар фазои субботу амният қадамҳои устувор дар роҳи пешрафту тарақиёти Тоҷикистони азиз гузошта мешавад. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар идомаи сиёсати хориҷии худ ва интихоби «Сиёсати дарҳои кушода» ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба ҳалли маслаҳои ҷаҳонӣ оид ба масалаҳои об ва дастрасӣ пайдо кардани сокинони сайёра ба он, тағирёбии иқлим ва пеш аз ҳама дар самти мубориза бо терроризму ифротигароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ пазируфта шуда, кишвари пешқадам ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин ёдовар мешавем, ки бо гузашти 30 сол аз баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 соли соҳибистиқлолӣ мебинем, ки мардуми шарифи кишвар ва ҳукумату давлат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имконияту иқтидорҳои истифодашаванда қадамҳои устуворро баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз гузошта, раванди бунёдкорӣ эҳё гардида, сохтмонҳои азими аср ба монанди бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, тавлид ва истифодаи нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, барқарор намудани садҳо пул, бунёди муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷараён дошта, додани заминҳои корам ба кишоварзон ва ташкили хоҷагиҳои деҳконӣ дар мамлакат, инчунин тавлиди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва содироти маҳсулотҳои ватанӣ ба кишвархои дуру наздик, гувоҳи тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар роҳи рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми Шуморо ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Шумо сарбаландӣ, муваффақият ва комёбиҳои беназирро тамано менамоям.

 

Раиси суди ҳарби

гарнизони Душанбе

полковники адлия                                              Раҷабзода Ҳ.Н.