Иштироки кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи дуюми 31 майи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои кормандони дастгоҳи судҳои суди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар давраи нимсолаи якуми соли 2019 семинари омӯзишӣ гузаронида хоҳад шуд, ки иштироки кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар он дар назар дошта шудааст. Семинари омӯзишии мазкур бо роҳбарии судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додозода Абдуманон гузаронида мешавад.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони дастгоҳи суд ба роҳ монда шудааст.

Дар семинари мазкур мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифтанд:

  1. Ҳолатҳое, ки имконияти иштирокро дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунад;
  2. Амал ва қарори суди марҳилаи якум оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда;
  3. Иштироки прокурор дар мурофиаи гражданӣ;
  4. Танзими ҷашну маросимҳои расмӣ ва оилавӣ;