Иштироки кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯзи 18-уми декабри соли 2020 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки дар ин семинар мавзуъҳои зерин муҳокима карда шуданд:
- Ҳуқуқ ба мерос (Фасли 6 боби 58 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон) маърӯзачӣ Маҳмадмуродзода Фирдавс котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
- Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, маърӯзачӣ Давлатзода Саидмурод котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
- Ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ (Боби 30 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ) маърӯзачӣ Муҳибуллозода Убайдулло котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Душанбе.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони дастгоҳи суд ба роҳ монда мешавад.