интихобот – ин зиндагии шоистаро интихоб кардан аст

интихобот – ин зиндагии

            шоистаро интихоб кардан аст

Ҳар як интихоботе, ки дар кишварҳои демократӣ гузаронида мешавад, ҳодисаи муҳими сиёсӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо шарофати Истиқлолияти миллӣ миёни мамлакатҳои дунё чун давлати ҳуқуқбунёди демокративу дунявӣ ва ягона мавқеи худро ишғол кардааст, маъракаи интихобот бо рӯҳбаландӣ гузаронида мешавад. Мо чандин навбат шоҳиди он гаштем, ки чандин интихоботҳо ба вакилии чӣ маҳаллӣ ва чӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ширкати фаъолонаи халқамон гузаронида шудааст. Ва ҷоизи зикр аст, ки тамоми райъпурсиву овоздиҳиҳо мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои қонун ба амал бароварда мешаванд. Барои ман махсусан интихоботҳо барои Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таассуроти амиқ мегузорад. Бо мамнунӣ мушоҳида мекунам, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо масъулияти баланд ба ин маърака менигаранд. Онҳо хуб медонанд, ки баҳри давлату халқ шахси дилсӯзу кордон ва сиёсатмадори варзида бояд интихоб гардад. Яъне дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум Президенти арзандаро дида то ба ҳол бо умеду боварӣ интихоб менамоянд.

Орзу менамоям, ки таҳти сарварии ин марди шарифу оқил Тоҷикистон бештар ободу осуда мегардад ва дараҷаи зиндагии мо боз беҳтару шоёнтар мешавад.

 

 

  • Судяи суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия                                                 Лоиқзода Н.А.