ИҶРОИ НАҚША БА 70 ФОИЗ РАСИД

ИҶРОИ НАҚША БА 70 ФОИЗ РАСИД

Ҳифзи Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, ҷавонписарон дар ин мактаби обутоби ҳаёт ё худ зимни адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, шахси комил мешаванд ва номи пурифтихори муҳофизи Ватанро мегиранд.
Аз якуми октябри соли равон бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Боиси хушнудист, ки тайи чанд соли охир, ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз мӯҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.

Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе низ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дошта, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар самти гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ айни ҳол пешсаф мебошанд. Аз байни чаҳор навоҳии пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонида,  иҷрои нақша дар шаҳри Душанбе бошад дар давоми як моҳ наздики 80 фоизро ташкил медиҳад.

Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бисёр фаъол буда, аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияҳои он қисми зиёдашон иҷрои нақшаро аллакай дар даҳрӯзаи аввали  ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба итмом расонидаанд. Дар давоми як моҳи охир бошад иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 77 фоизро дар бар мегирад.

Дар вилояти Хатлон низ чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле хуб ҷараён дорад. Бо вуҷуди он, ки шумораи шаҳрвандон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ин гарнизон бештар даъват ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристода мешаванд, масъулини комиссияҳи даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 70 фоиз баробар намудаанд.

Дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, гусели муҳофизони ояндаи Ватан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ муташаккилона ҷараён дошта, иҷрои нақша дар ин гарнизони ҳарбӣ наздик ба 60 фоизро ташкил медиҳад.

Умуман аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки он аз 1-уми октябр дар қаламрави кишвар ҷараён дорад, комиссияҳои вобасташудаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар давоми як моҳи сипаригашта иҷрои нақшаро дар ҷумҳурӣ ба 70 фоиз баробар намудаанд. Дар ин радиф Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ натиҷаи иҷро гардидани фоизи нақшаро дар давоми як моҳи ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсӣ хубу назаррас арзёбӣ менамоянд.

Зеро, тибқи иттилои масъулин барои ташкилу роҳандозӣ намудани даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, лек натиҷаи фаъолияти назарраси бисёре аз комиссияҳои давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон дод, ки иҷрои нақша пеш аз мӯҳлат ва дар сатҳи баланд дар давоми як моҳ ба 70 фоиз баробар карда шавад.

Воқеан, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар доираи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкориро бо мардум зич ташкилу ба роҳ мондаанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, маҳз фаъолияти хубу назарраси бисёре аз комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ зиёд гардида, иҷрои нақша саривақт ва дар сатҳи баланд иҷро гардад.

Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгириву ғамхориҳои пайваста зоҳир гардида, дар ин асно баҳри бунёди заминаҳои хуби моддиву таълимӣ, таъмини шароитҳои ҳамаҷонибаи хизмативу майишӣ ва ба масоили беҳдошти вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун таваҷҷуҳи хоса равона карда шудааст. Ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти диёр, бо дарки масъулияти ҷавонмардӣ дар муҳити орому осоишта ва фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз, хизмати пуршарафи Модар –Ватанро адо намояд.

 

Сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://mort.tj/)