Хизматчии ҳарби ба мардумфиреби даст зад.

Хизматчии ҳарби ба мардумфиреби даст зад.

Чунончӣ: Хизматчии ҳарбӣ, лейтенант Каримов Наҷибулло Аскарович бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон таҳти №0368 аз 19-уми ноябри соли 2018 ба вазифаи командири дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон-муовини командири дастаи вилоятӣ таъин гардида, дар рафти фаъолияти хизматӣ дар ҳолатҳои зерин қасдан бо суистифода аз мақоми хизматӣ ӯ, ки дар шаҳри Душанбе чойи зист надошт, давоми солхои 2014-2016 дар манзили истиқоматии шаҳрванд Намозова Мавҷуда Ниязовна истиқомат карда, бо онҳо аз наздик шинос гардид. Тахминан моҳи марти соли 2016, духтари Намозова М.Н. шаҳрванд Намозова Шаҳноза Эҳтиёровна пас аз хатми мактаби миёна хоҳиши дар ягон донишгоҳ дохил шудан ва таҳсилро идома додан кард. Ӯ аз ин хоҳиши Намозова Ш.Э. хабар ёфта, бо мақсади даромади муфт бо роҳи қаллобиро пеш гирифт ва ба номбурда ва модараш Намозова М.Н. муроҷиат карда, гуфт, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Душанбе маблағи шартномаи таҳсил қиммат мебошад. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав шинос дорад, ки метавонад вобасга ба имкониятҳои мақоми хизматиаш вайро ба ҳамин донишгоҳ дохил намояд. Намозова Ш.Э., ки давоми моҳи марти соли 2016 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дошт ва бо воситаи телефон дар ин, хусус бо ӯ ҳамсуҳбат гардид, аз ин суханони ӯ ба гумроҳӣ афтода, ба таклифаш бовар карда, мусоидати ӯро ба дохил шуданаш ба ягон ихтисоси донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусрав хоҳиш кард. Ӯ аз ин ҳолат истифода намуда, барои дохил кардани Намозова Ш.Э. ба ихтисоси шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқ ва таърихи донишгоҳи зикршуда аз Намозова Ш.Э. пешакӣ додани маблағи 1000 (як ҳазор) сомониро бо баҳонаи ба кадом муаллими шиносаш додан, талаб кард. Намозова Ш.Э. бошад, ба модараш Намозова М.Н. муроҷиат карда, хоҳиш кард, ки ба ӯ маблағи талабкардаашро дар ҳачми 1000 сомонӣ диҳад. Намозова М.Н. бошад, дар навбати худ аз ӯ хоҳиш кард, ки маблағи гуфтаашро камтар кунад ва имконияти додани маблағи 800 сомониро дорад. Ӯ ба овардани ин миқдор маблағ розӣ шуда, давоми моҳи марти соли 2016 аз Намозова М.Н. маблағи 800 сомониро гирифт. Каримов Н.А. ба ин қаноатманд нагардида, давоми моҳи октябри соли 2016, ки алакай худи Намозова Ш.Э. аз муҳоҷират баргашга ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд. ба назди номбурда омада, бо баҳонаи пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ овардани боз маблағи 3000 (се ҳазор) сомониро талаб намуд. Намозова Ш.Э., ки алакай ба ӯ ва шахсияташ бовар мекард, аз ниятҳои ӯ бехабар монда, тахминан давоми моҳи октябри соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои пасандози оилавиашон маблағи талабкардашуда дар ҳаҷми 3000 сомониро гирифта, ҳамроҳи хоҳараш Намозова Нозанин Ураловна ба кучаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, дар назди идораи Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковии наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба ӯ дод. Каримов Н.А. пас аз гирифтани маблағи 3000 сомонӣ бо мақсади бовар кунонидани Намозова Ш.Э. гуфт, ки номбурда алакай дар шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқ ва таърихи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусрав дохил гардида, дарсҳояш моҳи январи соли 2017 оғоз мешавад ва барои вай дар шаҳри Бохтар бо нархи арзон ягон манзили иҷоравӣ пайдо мекунад. Пас аз гузаштани моҳи январи соли 2017 ба Намозова Ш.Э. маълум мегардад, ки вай ба ягон донишгоҳ дохил нагардидааст. Аз ин ру, ба ӯ муроҷиат карда, бозпас додани маблағҳояшро талаб кард. Вале ӯ то моҳи апрели соли 2019 аз баргардонидани маблағҳои бо роҳи фиреб гирифгааш бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ менамуд. Сипас Намозова Ш.Э. маҷбур шуд, ки моҳи апрели соли 2019 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Баъди муроҷиаташ бо таъсири кормандони Кумитаи мазкур аз тарафи ӯ маблағҳои бо роҳи фиреб гирифгааш бозпас ба ҷабрдидагон Намозова М.Н. ва Намозова Ш.Э. баргардонида дода шуд. Лейтенант Каримов Н.А. дар асл ягон амали муайянеро ҷиҳати дохил кардани Намозова Ш.Э. ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусрав иҷро накарда, маблағҳои бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба манфиатҳои шахсиаш сарф карда, бо ин амалҳояш ба манфиатҳои номбурдагон зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 13 августа соли 2019 Каримов Наҷибулло Аскарович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 400 (чорсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 20000 (бист ҳазор) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

 

  • Судяи суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия                                Рустамзода М.Р.