Хабар надодани ҷиноят ҷазои ҳабсиро пешбини мекунад.

23-юми январи соли 2019 дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Мирҷонов Аминҷон Шодиевич бо моддаи 347 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси карда шуд, ки шаҳрванд Мирҷонов А.Ш. ҷинояти қасдонаи хабар надодан дар бораи ҷиноятро дар ҳолатҳои зерин содир кард. Чунончӣ, шаҳрванд Ноибов Маҳмаддовуд Давлятшоевич солҳои тулонӣ ба ҳайси аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҷмони Ҷомӣ кору фаъолият намуда, дар як вақт дар масҷиди деҳаи Роҳи Сотсиализми ҳамин ноҳия ба сифати “Мулло Имом”-и масҷид ташвиқоти ин Ҳизбро пеш бурда, бо истифода аз оятҳои китоби “Қуръони Карим” ҷавононро барои шаҳид шудан дар роҳи “Ислом” даъват кард. Дар рафти пешбурди ин ташвиқот номбурда бо Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо лақаби “Ҳоҷи Ҳалим”дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриҳо доир карда, тибқи супориши охирон ба ҷалби шаҳрвандони ин ноҳия барои ташкил намудани иттиҳоди ҷиноятӣ бо мақсади бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шуд. Рӯзи 01 сентябри соли 2015 Ноибов М.Д. дар масҷиди деҳаи Роҳи Сотсиализм баъди баргузории намози “Хуфтан” сокинони деҳаашон шаҳрвандон Мирҷонов Аминҷон Шодиевич, Шодиев Абдуҷабор Давлатҷонович, Мадов Шоҳмаҳмад Сафармаҳмадович, Шайхонзода Идибек Шайхон, Ҷавов Ҳусейн Ҳомидович, Раҳматов Саидҷон Иброҳимович, Абдураҳмонов Абдураҳмон Чупонович ва дигаронро ҷамъ намуд. Ноибов М.Д. зимни бурдани ташвиқоти динӣ номбурдагонро барои бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, оиди ниятҳои ҷинояткоронаи Назарзода А.М., ҷиҳати дар рӯзҳои наздиктарин ғасби ҳокимият маълумот дода пешниҳод кард, ки ба ҳайати ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил гардида, ҳамчун аъзои иттиҳод ҳармоҳа маблағи муайяни пулӣ ба даст дароранд. Дар рафти ин ҷамъомад шаҳрвандон Шодиев А.Д., Мадов Ш.С., Шайхонзода И.Ш., Ҷавов Ҳ.Ҳ., Раҳматов С.И. ва Абдураҳмонов А.Ч. барои ба иттиҳодияи ҷиноятии созмондодаи Назарзода А.М. шомил шудан розигӣ дода, минбаъд бо даъвати охирин шаби 03 ба 04 сентябри соли 2015 бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ гардида, ба муқобили мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд. Шаҳрванд Мирҷонов А. Ш. санаи 01 сентябри соли 2015 оиди ҳодисаи ба иттиҳоди ҷиноятии Назарзода А.М. шомил будани Ноибов М.Д. ва ҳаммаслаконаш Шодиев А.Д., Мадов Ш.С., Шайхонзода И.Ш., Ҷавов Ҳ.Ҳ., Раҳматов С.И., Абдураҳмонов А.Ч. ва мақсадҳои нопоку ҷинояткоронаи ин гуруҳ оиди дар оянда бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғасби ҳокимият хабардор гардида, новобаста аз оне, ки дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, аниқ маълуми тайёршудаистода маълумоти аниқ ва боэътимодро доро буда, дидаю дониста, ки амалҳои содирнамудаи Ноибов М. Д. ва дигарон ҷиноят буда, дар асоси талаботи қонунгузориҳои ҷорӣ ба зиммаи ӯ уҳдадории аз воқеаи ҷиноят ба мақомоти давлатӣ ва шахсони мутасадди хабар додан вогузошта шудааст, беҳаракатӣ зоҳир намуда, аз рӯи манфиатдории шахсӣ харакатҳои ин гуруҳро оиди тайёри ба ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин то моҳи сентябри соли 2018 пинҳон намуд.

            Судшаванда Мирҷонов Аминҷон Шодиевич дар маҷлиси суди пурсида шуда  оид ба айби ба ӯ эълон кардашуда худашро пурра айбдор ҳисобида аз кирдорҳои содирнамудаи худ сидқан пушаймон буда аз суд пурсидааст, ки ба ӯ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде судшаванда Мирҷонов А.Ш. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, бошад ҳам гуноҳи ӯ боз бо нишондоди шоҳидоне, ки дар рафти пешбурди тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ пурсида шудаанд, ба монанди Ҷавов Ҳ.Ҳ., Абдураҳмонов У.М., Маҳмадбекова О.А., Авазова Ҷ.Ч., Миржонов Ш., инчунин бо маводҳои дар қабати парванда мавҷудбуда аз қабили қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ, қарори ба пешбурди алоҳида ҷудо намудани қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, қарори оѓоз ва якҷоя кардани парвандаи ҷиноятӣ, қарори пешниҳоди дархост оиди кофтукови манзили судшаванда Мирҷонов Аминҷон Шодиевич ва қарори суд оиди додани иҷозат барои гузаронидани кофтукоб, протоколи кофтукови манзили истиқоматии Мирҷонов Аминҷон Шодиевич, протоколи дастгир кардани Мирҷонов Аминҷон Шодиевич, қарор оиди ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани Мирҷонов Аминҷон Шодиевич ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфтааст.

Мирҷонов Аминҷон Шодиевич бо моддаи 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 1 (як) солу 6 (шаш) моҳ, бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд.

 

 

Раисикунанда, Судяи суди

ҳарбии гарнизони Душанбе

подполковники адлия:                                                       Рустамзода М.Р.