Фирориро аз Федератсияи Россия бозпас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидан!

Фирориро аз Федератсияи Россия бозпас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидан!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе нафароне ҳастанд, ки мақсади хизмати ҳарбиро надошта фирор намуда ба Федератсияи Россия мераванд, фикр мекунанд, ки аз ҷавобгарии ҷинояти озод мешаванд, аммо интавр нест чанд соле, ки фирор куни аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намешавӣ.

Сарбози қаторӣ Норкузиев Азизбек Акбарович аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Мастчоҳи виляти Суғд 5-уми ноябри соли 2014 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, хизматро дар қисми ҳарбии 051054 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адо мекард. Дар ин қисми ҳарбӣ адои хизмат намуда истода, бо фармони командири қисми ҳарбӣ аз 11-уми феврали соли 2015 таҳти №35 ба Норкузиев А.А. ба муҳлати 7 шабонарӯз рухсатии кутоҳмуддат дода шудааст. Ҳангоми дар рухсатӣ қарор доштанаш, дар асоси барқия таҳти №2/88 аз 19-уми феврали соли 2015 бо сабаби вазъи оилавӣ аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд рухсатии Норкузиев А.А. ба муҳлати 5 шабонарӯз дароз карда шудааст. Қаторӣ Норкузиев А.А. баъди ба охир расидани муҳлати рухсатӣ, яъне 24-уми феврали соли 2015 бе сабабҳои узрнок бо мақсади саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ дигар ба ҷойи хизмат барнагашта, ба Федератсияи Россия фирор кардааст.

Аз ҷониби командири қисми ҳарбии 051054 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Норкузиев А.А. парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шуда, 29-уми майи соли 2015 нисбати охирин аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе кофтуков эълон карда шудааст. Санаи 20-уми ноябри соли 2018 дар асоси кофтуков эълон карда шуда Норкузиев А.А. дар шаҳри Березники Федератсияи Россия, аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД-и Федератсияи Россия дастгир карда шудааст.

Дар асоси қарори суди шаҳри Березники Федератсияи Россия аз 21-уми ноябри соли 2018 нисбати Норкузиев А.А. чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудааст.

Ҳамин тариқ, Норкузиев А.А. бо мақсади саркашӣ кардан аз адои хизмати ҳарбӣ аз рӯзи 25-уми феврали соли 2015 то 20-уми ноябри соли 2018, яъне дар муддати 3 солу 8-моҳу 3-ҳафта ва 5 рӯз дар ҷойи хизмати ҳарбӣ набуд ва вазифаҳои хизматиашро иҷро накардааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Норкузиев Азизбек Акбарович бо моддаи 375 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд.

Аз болои ҳукм дар муҳлати 10 (даҳ) шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълони он, маҳкумшуда аз рӯзи гирифтани нусхаи ҳукм тавассути ҳамин суд ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

  • Раисикунанда, Судяи суди
  • ҳарбии  гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия:                                                                М.Р. Рустамзода