ДАСТИ ДАРОЗИ ҚОНУН

ДАСТИ ДАРОЗИ ҚОНУН

 

Шаҳрванд Асҳобов И.А., санаи 15-уми марти соли 2019 бо баҳонаи аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудан, тайёр ва додани билети ҳабии қалбакӣ ба шаҳрванд Нозимов Илҳом Шамсиддинович, ба боварии модари номбурда Нозимова Гулсара Маҳмадсаидовна даромада, аз ӯ маблағи 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ талаб намудааст. Хушбахтона ӯ ба мақсади нопоки худ нарасид, зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарҳол садди роҳи ӯ шуда, аз ҷиноят пешгирӣ намуданд.

Асҳобов И.А., санаи 15 марти соли 2019 тахминан соатҳои 10:12 дақиқа тариқи автомашинаи кироя тамғаи «Тико» рангаш сурх, рақами қайди давлатиаш 73-54 АВ 07 ба назди бинои беморхонаи №1 шаҳри Турсунзода, барои гирифтани маблағи дар боло нишондодашуда ҳозир шуда, дар дохили автомашинаи мазкур бо Нозимова Г.М., вохӯрда мушоҳида мекунад, ки аз қафои онҳо як автомашина онҳоро назорат карда истодааст. Дар ин ҳолат Асҳобов И.А., аз гирифтани маблағи пулӣ даст кашида дарҳол ҳуҷҷатҳои ба писари Нозимова Г.М., дахлдорро, ки қаблан барои тайёр намудани билети ҳарбӣ гирифта буд баргардонида, охиринро дар ҳудуди маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода мефарорад ва худи ӯ ба самти комиссариати ҳарбӣ равон мешавад.

Хушбахтона ӯ ба мақсади нопоки худ нарасид, зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарҳол садди роҳи ӯ шуда, аз ҷиноят пешгири намуданд.

Суд ҳамаи далелҳоро таҳлил намуда, ба чунин хулоса омад, ки кирдори судшаванда Асҳобов И.А.-ро бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 247 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сӯиқасд ба қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, ки ба шаҳрванд расонидани зарари ҷиддиро муқаррар намудааст банду баст намояд.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе судшаванда Асҳобов Иномҷон Акбаровичро бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 247 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 1 «як» сол бо адо намудани ҷазо дар коллонияи ислоҳии низомаш умумиро таъин кард.

Дар асоси моддаи 71 КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда нисбати Асҳобов Иномҷон Акбарович шартан татбиқ карда нашуда, ба ӯ 1 «як» сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.

 

  • Судяи суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия                                Шарифзода Р.Ҳ.

рӯзномаи «Самак»