CИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ҚОНУНИЯТ

Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният муҳимтарин вазифаи давлат ба шумор рафта, тавассути он воқеияти амалишавӣ ва бечуну чаро иҷро гардидани меъёри қонун аз ҷониби шаҳрвандон ва мақомоти давлативу ҷамъиятӣ татбиқ мегардад. Барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ зарур буда, он асосан ба воситаи сиёсати махсуси давлат дар ин соҳа амалӣ мегардад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ сиёсати ҳуқуқӣ бештар истифода шуда, зимни он рушди ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқӣ дар назар дошта мешаванд.

Сиёсати ҳуқуқӣ навъе аз сиёсати давлат аст, ки барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар мавриди мафҳуми сиёсати ҳуқуқӣ андешаҳои гуногун аз ҷониби олимон ироа шудааст. Академик М.А. Маҳмудзода чунин қайд менамояд, ки сиёсати ҳуқуқӣ, назария ва амалияи ҳуқуқ, афкор оид ба ҳуқуқи инсон бар пояи таҷрибаи ғании гузаштаи инсоният қарор гирифта, дар ҷараёни равандҳои таърихӣ инсон ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки аз ҳуқуқ ва озодҳои муайян бархурдор аст, эътироф гардид. Дар бораи назарияи сиёсати ҳуқуқӣ назарияшиноси машҳури тоҷик, профессор Шарофзода Р. Ш. таҳқиқоти калон аҷном додааст. Ба андешаи ӯ, мусоидат кардан ба ташаккули сиёсати ҳуқуқӣ ва давлатӣ функсияи иҷтимоӣ-амалии давлат буда, яке аз тамоилҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқиро ислоҳоти ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.

Сиёсати ҳуқуқӣ шакли махсуси ифодаёбии сиёсати давлатӣ, воситаи барасмиятдарории ҳуқуқӣ, таҳким ва татбиқи роҳи сиёсии кишвар мебошад. Сиёсати ҳуқуқӣ бошуурона ва воҳид буда, пеш аз ҳама, дар конститутсия, қонунҳо, кодексҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри ҳифзи низоми иҷтимоӣ, рушди равобити ҷамъиятӣ дар самти дуруст ифода гардидааст. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Сиёсати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, барои манфиати давлат ва шаҳрвандони он хизмат менамояд. Аз ин хотир, мустаҳкамкунии давлатдорӣ, дар навбати аввал, пойдории асосҳои ҳуқуқии қонунгузории онро мадди назар дорад. Сиёсати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бояд барои таъмини ҳуқуқии соҳаҳои афзалиятноки давлатдории муосир, аз ҷумла, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд, ҷамъияти шаҳрвандӣ, такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи он, барпо кардани заминаҳои боэътимоди ислоҳоти гузаронидашаванда, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, таҳияи чораҳои зиддикоррупсионӣ, пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кафолати он, бартараф сохтани нигилизми ҳуқуқӣ ва ғайра равона карда шавад. Ҳамин тариқ дар мавриди моҳият ва муҳиммияти сиёсати ҳуқуқӣ андешаҳои гуногунро олимони зиёди дохиливу хориҷӣ баён кардаанд, ки баррасии онҳо мақолаи алоҳидаи васееро талаб менамояд. Ба андешаи мо низ сиёсати ҳуқуқӣ дар маҷмуъ ба ҳамаи навъҳои фаъолияти ҳуқуқӣ, илмӣ, таълимӣ ва амалӣ такони бузург бахшида, мояи рушди онҳо мегардад. Яке аз паҳлуҳои самти амалии фаъолияти ҳуқуқ тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси риояи ва иҷрои қонун, таҳкими низоми ва тартиботи ҷомеа дар суханронии худ зикр кардааст, ки “таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба сифати вазифаи асосии давлат боқӣ мемонад. Зеро амалишавии мақсадҳои стратегии мо, корҳои созандаву ободгарона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад”. Бинобарин дар ин росто чандин вазифаву мақсадҳоро давлату ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда  пеш гирифта, лоиҳаи асосҳои ҳуқуқии он тарҳрезӣ ва коркард карда шуданд. Президенти кишвар қайд карданд, ки зарурати таҳияи сиёсати ҳуқуқӣ дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният аз он иборат аст, ки дар шароити зудтағйирёбандаи минтақа, тавсеаи фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ сохтор ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такмил дода шавад, заминаҳои моддиву техникии онҳо тақвият бахшишда шаванд ва омодабошии доимии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва амнияти давлату ҷомеа таъмин карда шаванд.

Дар доираи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъсири он ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният қабули асосҳои ҳуқуқӣ зарур аст. Профессор Р.М. Раҳимзода нақши Конститутсияро дар ташаккули сиёсати ҳуқуқӣ асос дониста, қайд менамояд, ки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон, ки меҳвари онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ҳамчун қисми таркибии сиёсати умумидавлатӣ аз раванди қонунияти объективии инкишофи ҷомеаи ҳозира, аз талаботе маншаъ мегирад, ки асоси таҳаввулоти гузаранда ва пешгӯишавандаро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 35-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи кофии ҳуқуқӣ ба сиёсати ҳуқуқӣ гузошта шуд. Нахуст қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ ва манбаи муҳимми таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният маҳсуб меёбад, мустақиман дар меъёрҳои моддаҳои дахлдор самти мазкурро муайян кард. Дар моддаи 5 муайян шудааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Аз ин ҷо бармеояд, ки давлат барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тартиботи ҳуқуқӣ, ташкили сохторҳои дахлдор таъмин менамояд. Талаби қонуният дар моддаи 10 Конститутсия ифода ёфтааст:  Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Ҷанбаҳои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 17-22 инъикос ёфтааст. Тибқи моддаҳои мазкур присипҳои “баробарӣ дар назди суд ва қонун”, “кафолати ҳифзи судӣ, “талаби баррасии парванда аз ҷониби суди босаллоҳият”, “дастгиркунии асоснок”, “истифода аз ёрии адвокат”, “эҳтимолияти бегуноҳӣ”, “манъи таъқиби ҷиноятӣ баъд аз гузаштаи муҳлат ва ҷазодиҳии такрорӣ”, “ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдида ва кафолати ҷуброни зарар”муқаррар гардидаанд, ки дар маҷмӯъ ба таъмини амалишавии қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Қобили зикр аст, ки қонуни асосӣ ҳамчунин ҳар шахсро барои риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаро масъул кардааст ва надонистани қонун ҷавобгириро истисно намекунад. Чунин меъёр ҳар шахсро вазифадор менамояд, ки дар баробари давлат меъёрҳои қонунгузориро риоя карда, ба онҳо эҳтиром хосса зоҳир намояд.

Меъёрҳое, ки дар Конститутсия дарҷ гардидаанд, асоси қабули дигар санадҳои ҳуқуқӣ, қонун, консепсияву барнома, оиннома ва фаъолияти мақомоти ҳифз ҳуқуқ мегарданд. То имрӯз барои таҳқкими тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният асосҳои ҳуқуқӣ ва иқдомоти зиёди амалӣ дар саросари кишвар роҳандозӣ шудааст. Баъдан марҳила ба марҳила санадҳои дигари ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки Фармони Президент аз 9 апрели соли 1997 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва ғайра дохил мешаванд.

Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 дарҷ гардидааст, ки меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Бинобарин мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният низ ҳифзи ҳуқуқ озодиҳои инсон мебошад, ки дар Консепсия ба он диққати махсус дода шудааст. Дар ҳама самтҳои сиёсати ҳуқуқӣ, ки асосан ба инкишофи соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ нигронида шудааст, таъмини қонунияти ҳамчун принсипи асосии ҳуқуқӣ таҷасум гардидааст.

Хулоса, сиёсати ҳуқуқӣ ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ буда, он барои таҳкиму тавсеаи асосҳои ҳуқуқии ҷомеа аз лиҳози назариявӣ, илмӣ ва амалӣ мусоидат мекунад. Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният ҳамчун ҷузъи низоми ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқтатбиқсозӣ бо амалишавии нуктаҳои сиёсати ҳуқуқӣ дар ин самт рушду инкишоф меёбад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҳоле амалӣ мешавад, ки аҳли ҷомеа ва ходимони тартиботи ҳуқуқ меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузориро дуруст дарк намоянд, эҳтиром ва риояи онҳоро ба ҷо оранд ва ба тавсеаи  фарҳангии ҳуқуқии ҷомеа мусоидат карда шавад.

Рустамзода М.Р., н.и.ҳ., судяи

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе