17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд. Президенти мамлакат сафари кориро дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, оид ба татбиқи саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Слайдер
Модарону бонувони гиромӣ! Хоҳарони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки […]
23 феврал дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёдамон – ҷашни Сада самимона табрик мегӯям. Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям. Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми […]
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад. Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон
Рӯзи 16 ноябри соли 2021 дар толори Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз суди ҳарби гарнизони Душанбе, раиси суд Раҷабзода Ҳотам Назар, муовини раис Искандарзода Бахтиёр, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок намуданд. Ҷамъомадро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, доир
ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президент, ки ҳамасола рӯзи 16 — уми ноябр таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод менамоям. Таҷлили Рӯзи Президент, имсол ба даврае рост омадааст, ки мардуми сарбаланди Ватани маҳбубамон, ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантанаву шукӯҳи хос ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуда
Рӯзи 12 ноябри соли 2021 маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид. Дар кори он аъзои Пленум ва Шӯрои илмию машваратӣ иштирок намуданд. Дар оғози маҷлис Раиси Пленум, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Ш.Шоҳиён ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуданд. Тибқи рӯзнома ба баррасии Пленуми Суди Олӣ лоиҳаи қарор «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани […]
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” иштирок ва суханронӣ карданд. Баъди иҷрои суруди миллӣ аз