МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 16 ноябри соли 2021 дар толори Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз суди ҳарби гарнизони Душанбе, раиси суд Раҷабзода Ҳотам Назар, муовини раис Искандарзода Бахтиёр, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, доир ба нақши институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, муттаҳидию сарҷамъии миллати тоҷик ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд қайд намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин судяҳои Суди Олӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои «Нақши институти президентӣ дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмину рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар кишвар» ва «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду таҳкими ҳокимияти судӣ» суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабини, Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро таманно намуд.