Бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо роҳи қалобӣ ба боварии шахсон даромада даст ба қонуншикани мезананд.

Бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо роҳи қалобӣ ба боварии шахсон даромада даст ба қонуншикани мезананд.

Собиқ корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Нурхонов И.Х., бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо роҳи қалобӣ яъне суистифодаи боварӣ ва фиреб, рӯзи 18-уми апрели соли 2019 тахминан соати 13:00 дақиқа, аз комиссараиати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пеш аз ин аз вазифа озод карда шудааст, худро ҳамчун корманди комиссараиати ҳарбии мазкур муарифи намуда, аз шаҳрванд Каримов Акбар Анварович, барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародари бемораш Каримов Далер Анварович 3000 (се ҳазор) сомонӣ дар пеши комиссариати ҳарбии мазкур талаб карда гирифтааст. Баъдан Нурхонов И.Х., ба комиссариати ҳарбии мазкур даромада, баъд аз онҷо баромада, гуё кори Каримов А.А.-ро иҷро кардааст, то бегоҳии худи ҳамон рӯз ба ваъдаҳои хушку холӣ, ба бовари дароварда, арз кардааст, ки соатҳои наздик Каримов Д.А.-ро ҷавоб медиҳанд, ки то бегоҳии он рӯз ягон амал натиҷа нашудааст ва Каримов Д.А.-ро ба комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе бурдаанд. Дар он ҷо Каримов Д.А., ба духтурон муроҷиат намуда, ӯро барои муоинаи иловагии меъда равон кардаанд, ки дар натиҷа маълум шудааст, ки Каримов Д.А., дар ҳақиқат бемории ”реши пиёзаки рудаи дувоздаҳангушта” дошта, бо ин беморӣ ғайриқобили хизмат мебошад. Ҳамин тариқ Нурхонов И.Х., бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Каримов А.А., маблағи 3000 ҳазор сомониро гирифта, ягон амали ваъдакардагиашро иҷро накарда, маблағҳои пулиро ба манфиати шахсиаш истифода кардааст ва ба шаҳрванд Каримов А.А., зарари ҷиддӣ расонидааст.

Нурхонов Исфандиёр Хуршедович бо моддаи 247 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Ба Нурхонов Исфандиёр Хуршедович бо моддаи 247 қисми 2 банди  “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 20,075 (бист ҳазору ҳафтоду панҷ) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Аз болои ҳукм дар муҳлати 10 (даҳ) шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълони он тавассути ҳамин суд ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

  •  Судяи суди ҳарбии
  •  гарнизони Душанбе
  •  подполковники адлия:                                                               Шарифзода Р.Ҳ.