Бо дос алаф медараванд ё сарбоз мезананд?

Беаҳамияти намудан ба зертобеони худ ва саломатии онҳоро ба инобат нагирифтан, боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс мегардад.

Мисол: Хизматчии ҳарбӣ лейтенант Саидамадов К.Х., дар асоси фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми ноябри соли 2017 таҳти № 0478 ба вазифаи командири взводи қаровули фахрӣ-ротаи қаровули фахрии қисми ҳарбии 02615 «Б» Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, адои вазифа менамуд. Дар вақти адои хизмати ҳарбӣ Саидамадов К.Х. санаи 23-апрели соли 2019 тахминан сотаи 11-00 дақиқа ба зертобеонаш қаториҳо Шарипов Н.А. ва Хайруллои О. супориш додааст, ки бо досҳо алафҳои назди майдончаи сафороии қисми ҳарбиро дарав кунанд. Қаторӣ Шарипов Н.А., бинобар сабаби аз алаф бемории “алергия” доштанаш алафро каме дарав карда, сипас алафдаравиро рад мекунад. Дар ин ҷо, Саидамадов К.Х. аз ин кирдори Шарипов Н.А., ба ғазаб омада, бархилофи талаботҳои моддаҳои 8-9, 13-18, 152-153 Оинномаи хизмати дохила ва моддаҳои 6-10 Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромада, аз дасти Шарипов Н.А. досашро гирифта бо пушти аз оҳан будаи он як зарба ба қисмати болои сари охирон зарба задааст, ки дар натиҷа Шарипов Н.А. ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ аз 25-уми апрели соли 2019 таҳти №56 зарари расонидашуда ба Шарипов Н.А., ба зарари сабуки ҷисмони ба саломатӣ мансуб мебошад.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Саидамадов Комрон Хурсандович бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ бо нигоҳ доштани 15 % (понздаҳ) фоизи музди маошаш ба фоидаи давлат ба муҳлати 1 (як) сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шавад.

Дар давраи адои ҷазо Саидамадов Комрон Хурсандович ба мансаби баланд таъин кардан ё ба ӯ додани рутбаи ҳарбии баландтар маън аст, муҳлати ҷазо бошад ба собиқаи хизматии ӯ барои додани рутбаи навбатии ҳарбӣ ҳисоб карда намешавад.

Аз болои ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллегия ҳарбии Суди Олии Ҷумҳуруии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

  •              Раисикунанда, Судяи суди
  •              ҳарбии гарнизони Душанбе
  •              подполковники адлия:                                                       Рустамзода М.Р.         
  •  
  •