Беҳуда нагуфтаанд, ки “Бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад”.

Баъзе шаҳрвандоне ҳастанд, ки бар замми дар фикри ободиву хуррамии рӯзгори худ набудан, ҳамчунин, аз рӯйи тақозои табиаташон мисли анкабут атрофи дигарон тор танидани онҳоро бо доми касофат гирифтор намуданро маҳаки зиндагии худ қарор додаанд. Чунончӣ, Одинаев Ёқубҷон Саъдуллоевич аввалҳои соли 2017, ғайриқонунӣ 2 бастаи селофании рангашон сиёҳро дар дохилашон воситаи нашъадори «Ҳашиш» дошт, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус дарёфт карда, муддате бо худ нигоҳ медорад. Сипас, санаи 10 июни соли 2018, соати 11-00 дақиқа бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, қисми маводи нашъадори ғайриқонуни ба даст овардаашро дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Мирзоев Фаррух Абдулҳакимович, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ҳувайдуллоев, хонаи №5/5 ба маблағи 2000 ( ду ҳазор) сомонӣ мефурӯшад. Ӯ баъдан аз тарафи кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Рудакӣ, дастгир карда шудааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистоназ санаи 07 июли соли 2018 таҳти №463 маводҳои аз Мирзое Ф.А., гирифташуда, воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” буда, миқдори он 270,0 ( дусаду ҳафтод) граммро ташкил додааст. Бо ҳукми Суди ҳарбии Гарнизони Душанбе Одинаев Ёқубҷон Саъдуллоевич бо моддаи 200, қисми 2, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол, бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомашон пурзӯр таъин карда шудааст.

 

  •                         Раиси суди ҳарбии
  •                        гарнизони Душанбе
  •                        полковники адлия                                  Раҷабзода Ҳ.Н