Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул шудан боиси ҷавобгарии маъмури мегардад

Судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Шарифзода Р.Ҳ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Шухиев Ислом Маҳмадшарифович, 20 апрели соли 1992 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, милаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ҷои кор қисми ҳарбии 01215 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, Сокини шаҳри Душанбе кучаи Навобод, хонаи 9, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард:

Шухиев Ислом Маҳмадшарифович бо воситаи  нақлиёти тамғаи «Опел Вектра» рақами қайди давлатиаш 52-13 ОР 01, дар кучаи Синои шаҳри Душанбе бе иҷозатнома (литсензия) ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 17 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият”-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони нозири  БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2-и КҲМ  Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Шухиев Ислом Маҳмадшарифович дар рафти мурофиаи судӣ нишондод дод, ки дар ҳақиқат  бо воситаи  автомашинаи тамғаи «Опел Вектра» рақами қайди давлатиаш 52-13 ОР 01, дар кучаи Синои шаҳри Душанбе бе иҷозатнома (литсензия) ба кашонидани мусофирон машғул шудааст, ки бо ин рафтораш аз ҷониби нозири роҳ боздошт гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Шухиев Ислом Маҳмадшарифович боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуданд, тасдиқи худро ёфт.

Суд  бо далелҳои  оварда шуда ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Шухиев Ислом Маҳмадшарифович бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, банду баст кард.

Раводиди моддаи мазкур ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он пешбинӣ кардааст.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Шухиев Ислом Маҳмадшарифовичро ба инобат гирифтанисбати ў дар доираи раводиди моддаи номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи  10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 550 (панҷсаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.