Бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул шудан боиси ҷавобгарии маъмури мегардад

Судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Рустамзода М.Р. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Султонов Хурамшо Нусратуллоевич, 15 декабри соли 1993 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Кушониён, милаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ҷои кор қисми ҳарбии 31550 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби 1 фарзанд, Сокини шаҳри Душанбе кучаи Шараф хонаи 305, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард:

Султонов Хурамшо Нусратуллоевич  бо воситаи  нақлиёти тамғаи «Ваз 21099» рақами қайди давлатиаш 22-49 АЕ 03, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 17 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият”-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони нозири РХРО ШБДА РВКД шаҳри Душанбе муайян карда шуда, нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2-и КҲМ  Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Султонов Хурамшо Нусратуллоевич  дар рафти мурофиаи судӣ нишондод дод, ки дар ҳақиқат  бо воситаи  автомашинаи тамғаи «Ваз 21099» рақами қайди давлатиаш 22-49 АЕ 03, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи махсус ба кашонидани мусофирон машғул шудааст, ки бо ин рафтораш аз ҷониби нозири роҳ боздошт гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз ба гуноҳаш иқрор шудани ҳуқуқвайронкунанда Султонов Хурамшо Нусратуллоевич боз гуноҳи ў бо дигар далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуданд, тасдиқи худро ёфт.

Суд  бо далелҳои  оварда шуда ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Султонов Хурамшо Нусратуллоевич бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, банду баст кард.

Раводиди моддаи мазкур ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он пешбинӣ кардааст.

Судя ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Султонов Хурамшо Нусратуллоевич.ро ба инобат гирифтанисбати ў дар доираи раводиди моддаи номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи  12 (дувоздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 660 (шашсаду шаст) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.