Барои сохтакорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд

Азимов Маҳмадшариф Латифович моҳи сентябри соли 2020 бо мақсади дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул шуданаш  ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта ба унвонии фармондеҳи Қўшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ин қушун ба кор қабул шуданаш ариза пешниҳод кардааст. Дар асоси аризаи пешниҳоднамудаи ў Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссариати ноҳияи Фархор дархост ҷиҳати аз санҷиш гузаронидани ў оиди надоштани маводи истинодоваранда ва ё доштани парвандаи ҷиноятӣ, ё доғи судӣ пешниҳод менамояд. Дар ҳамин замина Сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбиии ноҳияи Фархор, подполковник Муродзода Орзу Исматулло ба ў супориш медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва маълумотнома оиди доғи судӣ надоштанашро аз ШВКД дар ноҳияи Фархор талаб карда онҳоро сари вақт ба номбурда дастрас кунад. Сипас ў 13 ноябри соли 2020 ба ШВКД дар ноҳияи Фархор барои дастрас кардани маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ муроҷиат кардааст. Санаи 16 ноябри соли 2020 аз ШВКД дар ноҳияи Фархор дастрас кардани маълумотномахои аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ маълумотдиҳии оперативии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон нисбати худи ў падар ва модараш омодашуда дидааст, ки дар пушти маълумотномаи нисбати худаш, яъне Азимов М.Л., омодашуда қайд шудааст, ки соли 2013 бо моддаи 237 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Дар ин миён ў нақшаи ҷинояткорона таҳрези намуда бо мақсади  сохтакори кардани маълумотномаҳои аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ маълумотдиҳии оперативии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон нисбати худ, падар ва модараш омодашударо ҷиҳати ранга нусхабардори кардан тавассути дастгоҳи техникаи компютерӣ, аз пайи ҷустуҷўи чунин маркази хизматрасонӣ шудааст.

Бо мақсади амали гардонидани қасди пешгирифтааш ў 27 ноябри соли 2020 ба маркази хизматрасонии шаҳрванд Холмуродов Охунҷон Абдураҳимович воқеъ дар ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати деҳоти Сомониён, ки ба нусхабардори ҳуҷҷатҳо машғул будааст рафта, маълумотнома аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ маълумотдиҳии оперативии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон нисбати худ, падар ва модараш омодашударо пешниҳод карда аз номбурда хоҳиш кардааст, ки ба пушти маълумотномаи нисбати худаш омодашуда пушти маълумотномаи нисбати падараш омодашударо тариқи дастгоҳи техникаи компютерии кориаш ранга нусхабардори карда ба ў диҳад.

Шаҳрванд Холмуродов О.А., бехабар аз қасди гирифтаи ў бо истифодаи таҷҳизоти техникаи компютерии кориаш тамғаи “EPSON” маълумотномаи аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ маълумотдиҳии оперативии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон нисбати ў омодашударо тибқи хоҳиш ва тавсияаш нусхабардори карда ба қисмати пушти он пушти чунин маълумотнома нисбати падараш шаҳрванд Азимов Латиф Ҳайдарович омодашударо нусхабардори карда ба ў додааст. Бо ин роҳ ў худро шахси доғи судӣ ва дигар маълумотҳои бадномкунанда надошта нишон додааст.

Ҳамчунин баъди сохтакори кардани маълумотномаи аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ маълумотдиҳии оперативии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон нисбаташ омодашуда бо мақсадӣ, аз қалбакӣ будани он пайхас набудани кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор маълумотномаҳои аз тарафи шуъбаи зикршуда нисбати падараш шаҳрванд Азимов Латиф Ҳайдарович ва модараш Умарова Бунавшамо Сатторовна омодашударо низ дар маркази хизматрасонии шаҳрванд Холмуродов О.А., ба воситаи техникаи компютерӣ тариқи ранга нусхабардори карда онҳоро истифода намуд.

28 ноябри соли 2020 ў маълумотномаи  аслии аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ маълумотдиҳии оперативии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон нисбати худ, падар ва модараш омодашударо нобуд сохта, маълумотномаи тариқи сохтакорона омодакардаашро дар якҷоягӣ бо дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташ ба комиссаритаи ҳарбии ноҳияи Фархор бурда супорид. Аз ин кирдори номатлуби ў кормандони РКДАМ дар вилояти Хатлон бохабар шуда, қасди ҷинояткоронааш пешгирӣ карда шуд.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-техникии криминалистӣ аз 17 майи соли 2021 таҳти №333 навиштаҷотҳои дастӣ ва нақши муҳри даврашакл ва росткунҷашакл дар дархости шуъбаи иттилоотӣ маълумотдиҳии оперативии ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон ба ному насаби Азимов Маҳмадшариф Латифович, соли таваллудаш 18.04 соли 1990, зодаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Зафар, деҳаи Сомониён ба пурраги ба тарзи дастгоҳи чопии ранга истифода ва техникаи компютерӣ ба чоп расонида шудааст.

Бо чунин ҳаракатҳои худ Азимов Маҳмадшариф Латифович бо моддаи 340 қисми 2 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў тибқи ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21170 (бисту як ҳазору як саду ҳафтод) сомони ба фоидаи давлат, таъин карда шудааст.