Баргузории шанбегӣ дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

 Имрӯз, 20 сентябри соли 2019 рӯзи шанбе, дар асоси Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе чун ҳар ҳафтаина дар рӯзи шанбе дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони  Душанбе ҳашар баргузор намуданд.

Дар шанбегии мазкур, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба корҳои ободонӣ, ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои суд ва овезон кардани парчами милли машғул гардиданд.