Аз озодӣ маҳрум шудани қалобон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд ба давлат ё дигар нафарон зарар нарасонанд, аммо баъзе ашхосе ҳастанд, ки танҳо манфиати худашонро фикр мекунаду даст ба ҷинояти қаллобӣ мезананд.

Чунончӣ Баймуратов А.Х,., дар давоми моҳҳои август-октябри соли 2016 дар хуҷраи 53, кӯчаи Соҳилӣ-1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе якчоя бо лейтенант Аҳёев Беҳрӯз Асоевич зиндагӣ карда, худро ба ӯ корманди милитсияи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, иброз доштааст, ки имконияти ҳалли корҳои мушкил ва ғайриқонуниро дорад. Пас аз ин, лейтенант Аҳёев Б.А., рӯзи 25 октябри соли 2016 аз ҳадди ваколатҳои  хизматиаш баромада, бо мақсади ба даст даровардани маблағҳои калони пулӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зертобеаш, каторӣ Мамонов Умедҷон Шерназарович ва модари ӯ Хушвахтова Зуҳра Бобоевна даромада, бо баҳонаи аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат озод намудани қаторӣ Мамонов У.Ш., маблағи калони пулӣ дар хаҷми 2500- (ду ҳазору панчсад) доллари ИМА талаб намудааст. Зимнан Аҳёев Б.А., аз Хушвахтова З.Б. ва писари ӯ қаторӣ Мамонов У.Ш. пешпардохти нисфи маблағи талабкардаашро дар ҳаҷми 1250-( як ҳазору дусаду панчоҳ) доллари ИМА талаб карда, барои бо мақсадҳои ҷинояткоронааш расидан номбурдагонро бовар кунонидааст, ки тавассути шиносаш Баймуратов А.Х., дар муддати як моҳ масъалаи аз хиз­мати ҳарбӣ озод кардани каторӣ Ма­монов У.Ш.-ро ҳал карда, ба охирин якбора билети ҳарбӣ тайёр карда медиҳад. Шахрванд Хушвахтова З.Б., ба суханхои ӯ бовар карда, худи ҳамон руз аз манзили зисташ аз ҳисоби пасандозҳояш маблаг 80.000-(ҳаштод ҳазор) рубли русиро гирифта, соати 17:00- и хамон рӯз ба назди нуқтаи назорати гузаргоҳии кисми ҳарбии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омада дар дохили автомашинаи шаҳрванд Холиқов Нурмуҳамад Баҳриддинович, тамғаи ‘Опел-Астра», раками қайди давлатиаш 2982 АС 01, маблаги пулии 80.000-(ҳаштод ҳазор) рубли русӣ иборат аз 16 адад купю­раҳои 5.000-(панҷ ҳазора) рубли русӣ баробар ба 1250-(як ҳазору дусаду панчох,) доллари ИМА-ро ба Аҳёев Б.А. дода, охирин маблағҳои пулиро қабул карда гирифтааст.

Рузи 26 октябри соли 2016, ӯ бо мақсади боварии бештари шаҳрванд Хушвахтова З.Б.-ро соҳиб гардидан, охиринро бо вай шинос намуда, Хушвахтова З.Б. аз рӯи талаби Аҳёев Б.А. ба ӯ ҳуҷҷатҳои шахсияти ба писараш тааллуқдоштаро дода, хоҳиш карда будааст, ки вобаста ба имкониятҳояшон масъалаи аз хизмати ҳарбӣ озод намудани писарашро ҳарчи тезтар ҳал намояд. Ин ҳолатро баҳона карда, рӯзи 1ноябри соли 2016 Аҳёев Б.А. ва ӯ бо шаҳрванд Хушвахтова З.Б. бо воситаи телефони мобилӣ дар тамос шуда, барои тезтар ҳал шудани кораш боқимонда маблағи пулиро дар ҳаҷми 30.000-(сӣ ҳазор) рубли русӣ талаб карданд. Хушвахтова З.Б. аз духтараш Мамонова С.Ш. маблаги 3000- (се ҳазор) сомонӣ қарз гирифта, рӯзи 2 ноябри соли 2016 ба назди нуктаи назорати гузаргоҳии қисми ҳарбии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, маблағҳои бо худ доштаашро дар ҳаҷми 3000-(се ҳазор) сомонӣ ба лейтенант Аҳёев Б.А. додааст. Ӯ маблағҳои пулиро қабул карда, ваъда медиҳад, ки рӯзҳои наздиктарин корашонро ҳал намуда, писарашро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунад.

Минбаъд, вай, ки тавассути лейте­нант Аҳёев Б.А. бо Хушвахтова З.Б. шиносоӣ пайдо карда будааст, аз охи­рин бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ рузҳои 4 ноябри соли 2016 маблағи 500-(панч сад) сомонӣ, 11 ноябри соли 2016 маблағи 30.000-(сӣ ҳазор) рубли русӣ ва 17 ноябри соли 2016 маблағи 120-(як саду бист) сомонӣ ва 19.000-(нуздаҳ ҳазор) рубли русӣ талаб карда гирифта, ягон амалӣ муайянеро ба манфиати охирин ҷиҳати аз хизмати ҳарбӣ озод кардани писараш иҷро накарда, маблағҳои пулии ба даст овардаашро ба манфиатҳои шахсиаш сарф намудааст. Вай бо лейтенант Аҳёев Б.А. дар мачмуъ аз шахрванд Хушвахтова З.Б. маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 129000-(як саду бисту нуҳ ҳазор) рубли русӣ (ба­робар ба 15706,3 сомонӣ дар давраи муомилотшуда) ва 3620-(се ҳазору шашсаду бист) сомониро тасарруф намуда, бо ин кирдорҳояшон ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи охирин зарари махсусан калони моддӣ расонаданд.

Парвандаи ҷинояти нисабти Аҳёев Б.А. баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристонида шуда, номбурда бо ҳукми суд ба чазои сазовор маҳкум карда шудааст.

Ғайр аз ин, Баймуратов А.Ҳ, такроран бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани даромади муфт бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аввалҳои моҳи августи соли 2017 ба бозори «Саховат’’-и шахри Кӯлоби вилояти Хатлон рафта, дар он ҷо ӯ бо фурӯшандаи ҷавоҳироти тиллоӣ  шаҳрванд Сафарова Зайнабӣ Саломовна, сокини шахри Кӯлоб, маҳаллаи Ш.Шоҳин, хонаи 32, ҳуҷраи 19 вохӯрда, аз вай як адад гарданбанди тиллоӣ бо арзиши 1500-(як разору панҷ сад) сомонӣ ва як адад ангуштарини тиллоӣ бо арзиши 300-(се сад) сомониро нархгузорӣ кардааст. Ҳангоми суҳбат бо Сафарова З.Х,. ӯ пайхас кардааст, ки имконияти охиринро фиреб кардан чой дорад, нақшаи бо роҳи фиреб ба даст даровардани ҷавоҳироти тиллоии охиронро тарҳрезӣ намуда, бо ин мақсад ӯ аз Сафарова З.С. хоҳиш кардааст, ки ягон хонаи истиқоматӣ ҷиҳати ба иҷора гирифтан пайдо намояд. Сафарова З.С. ба ӯ хонаи истиқоматии хешаш Шамсиддинова Марҷонаро, ки дар шафати хонаи истиқоматиаш ҷойгир аст, пешниҳод кардааст. Ҳангоми дидани хонаи истиқоматӣ у онро маъқул дониста, иброз кардааст, ки дар ин хона иҷора мешинад. Бегоҳии ҳамон рӯз ӯ бо мақсади боварии шаҳрванд Сафа­рова З.С-ро пурра ба даст овардан, аз охирин чавоҳироти тиллоӣ, як адад гарданбанд бо нархи 1500 -(як ҳазору панҷ сад) сомонӣ ва як адад ангуштаринро бо арзиши 300-(се сад) сомонӣ бо пули нақд харидорӣ кардааст.

Рӯзи дигар ӯ дар хонаи ба иҷора гирифтааш бо шахрванд Сафарова З.С. вохӯрда, бо мақсади иҷрои нақшаи тарҳрезикардааш бо суханҳои дурӯғу бофтаи худ ба номбурда иброз наму­дааст, ки ба “раисаш” ду гарданбанди тиллоии вазни якумаш 20 грамм, бо иёри №583 ва дигараш 6 грамм, бо иёри №375 таъҷилан лозим шудааст. Сафарова З.С. ба ӯ ин ду гарданбанди зикршударо пешниҳод карда, арзиши якумашро 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва дуюмашро 1000  (ҳазор) сомонӣ муқарар кардааст. Ӯ аз дасти шаҳрванд Сафарова З.С. ин ду гарданбандро бо арзиши ҷамъи 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ гирифта, гуфтааст ки ба ҳаммом даромада, оббозӣ карда, баъдан маблағи гарданбандҳоро оварда медиҳад. Сафарова З.С. ба суханони бофтаву дурӯғи ӯ бовар карда, ба макри ӯ афтода, ба хонаи худаш рафтааст. Ӯ аз набудани  соҳибмулк Сафарова З.С. истифода бурда, ҷавоҳиротҳои  тиллоӣ ду гарданбандро бо арзиши 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ гирифта, дари хонаи ба иҷора гирифтаашро маҳкам карда, баромада рафта, шабашро дар яке аз меҳмонхонаи шахри Кӯлоб гузаронидааст. Рӯзи дигар, ӯ ин ду гарданбанди тиллоиро ба бозори марказии ноҳияи Восеъ бурда, онҳоро ба соҳибкорон Абдураҳимов У.А. ва Абдураҳимов А.А. бо маблағи ҷамъи 5100-(панч ҳазору сад) сомонӣ фурӯхта, маблағҳои бо ин роҳ, ба дастдаровардаашро сарфи корҳои шахсиаш карда, ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шаҳрванд Сафарова З.С. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Бай­муратов Абдували Ҳамракулович бо банди «б” кисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8 (ҳашт) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати  2 сол таъин карда шудааст.

  •     Судяи суди ҳарбии
  •     гарнизони  Душанбе
  •     майори адлия                                                     Лоиқзода Н.А.