Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 — ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда, дар ин самт як қатор имтиёзу ташаббусҳои наву созандаро ба роҳ монданд.

     

        Сайёҳӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, соҳаи афзалиятнок ва даромаднок ба ҳисоб меравад. Ин соҳа, инчунин, сарчашмаи таъмини шахрвандон бо ҷойи  кор аст . Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 20 миллион нафар дар ташкилотҳои сайёҳӣ (туризм) бо кор таъмин мегарданд. Рушди туризм, аз ҷумла ба соҳаҳои нақлиёт (ба муносибати соли рушди сайёҳӣ дар кишвар якчанд ширкатҳои нақлиёти мусофиркашонӣ (таксӣ) ба фаъолият шурӯъ карданд), савдо, сохтмон, хоҷагии қишлок, истеҳсоли маводи ниёзи мардум ва дар ин раванд ҳунарҳои мардумӣ, ки хосси ин ё он минтақа мебошанд, аз мадди назар дур намемонад. Рушди сайёҳӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти соҳаи сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Ҳамчунин, бо максади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва руш­ди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод гардидааст. Хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд карда, сатҳу сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем.

Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи  гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Аммо, сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифа­ти хизматрасонӣ, ҳамоно беҳбудӣ металабад. Ҳар кадоми моро за­рур аст, ки барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху тамаддун ва фарҳанги худ кӯшиши бештар намоем.

Бояд таъкид намуд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ, мондани чӯбкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва амсоли инҳо шуғл доштанд ва онҳоро аз насл ба насл мерос гузоштаанд. Барои мисол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон устоҳои моҳири чӯбтароше ҳастанд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ҳунару фарҳанги тоҷикро муаррифӣ мекунанд.

Бовар аст, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Точикистон ба эҳё гардидани ҳунарҳои мардумии ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта замина гузошта, ба ҳунармандон завқу неруи тоза мебахшад.

 

  •        Раиси суди ҳарбии
  •       гарнизони  Душанбе
  •       полковники адлия                                       Раҷабзода Ҳ.Н.
  •