Ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ оиди даъват
Дар ҷаласаи даъватии ҷумҳуриявӣ нахуст фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони сохторҳои қудратии кишвар, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват ширкат доштанд.
Иштирокчиён зимни баромади хеш сараввал даъвати тирамоҳии соли 2021-умро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъвати шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд. Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама нафарони рӯҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Ҳамзамон, масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва ҷоннок намудани корҳои мақсаднок дар рафти даъват аз масъалаҳои дигари баррасигардида дар ин ҷамъомад маҳсуб меёфт, ки аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.
Хамин тавр, дар қисмати охири ҷамъомад иштирокчиёни он ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
Манбаъ: Сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://mort.tj)
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 