Қаллобӣ мардумфиреб

Бо роҳи қаллобию мардумфиреби ба боварии шаҳрвандони одди даромадан боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс мегардад. Аз ин рӯ ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки зираки худро аз даст надода, ба доми ин гуна мардумфиребон гирифтор нашаванд ва ба роҳи рост кору фаъолият  намоянд, аммо базе нафароне ҳастанд, ки қаблан бо ҳамингуна мардумфиреби суд шуда ба худ хулосаи даркори набароварда даст ба ҷинояти қаллобӣ мезанад.

Мисоли рӯз: Мирзоев Бахтиёр Ғафурович аз моҳи ноябри соли 2015 то 03 августи соли 2016 ба боварии шаҳрванд Бойматов Ёдгор Қодирович даромада аз рӯи маслиҳати пешакӣ ба маблағи 30000 сомонӣ барои пеш аз мӯҳлат аз хизмати ҳарбӣ бо сабаби бемори рухсат намудани писараш хизматчи ҳарбии қисми ҳарбии 2620 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбози қаторӣ Бойматов Ҷасурбек Ёдгорович карда Бойматов Ё.Қ. дар наздикии қисми ҳарбии 0123 (2620) ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ 9000 сомонӣ дода, боқимонда 14.732 сомониро тариқи бонки “Эсхата” ирсол кардааст, гирифтааст. Ӯ маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, писари шаҳрванд Бойматов Ё.Қ.-Бойматов Ҷ.Ё-ро бо сабаби бемори пеш аз муҳлат аз хизмат озод накарда, соли 2017 Бойматов Ҷ.Ё. хизматро ба итмом расонидааст. Мирзоев Б.Ғ. бо ин роҳу восита ба шаҳрванд Бойматов Ё.Қ. зарари ба миқдори калон расонидааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 06.05.2019 Мирзоев Бахтиёр Ғафурович, бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 50000 (панҷоҳ ҳазор) сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуда, дар асоси моддаи 3 банди 5 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24-уми августи соли 2016 таҳти №1355 маҳкумшуда Мирзоев Бахтиёр Ғафурович аз адои ҷазои таъингардида озод карда шудааст.

      

  •       
  •                      Раиси суди ҳарбии
  •                      гарнизони Душанбе
  •                      полковники адлия                                               Раҷабзода Ҳ.Н.