ҶАЛАСАИ РАИСОНИ СУДҲОИ ОЛИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Рӯзҳои 17-18 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раисони Судҳои Олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Беларус, Ҷумҳурии исломии Эрон, намояндагони давлатҳои нозир ва ҳайати ҳамроҳонашон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин Муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Логвинов Григорий, Муовини Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Голованов Артур ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Ализода Зариф ширкат варзиданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, оиди муҳимияти ҳамкориҳо миёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва моҳияти мавзӯъҳои баррасишаванда суханронӣ намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки фаъолияти муштараки Судҳои Олии кишварҳои аъзо дар самти такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар баамалбарории адолати судӣ, ҳамгироии низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими муколамаи байналмилалӣ саҳми назаррас дорад. Аз ин лиҳоз, минбаъд низ ҳамкории судманд байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо бояд идома дода шавад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Ализода Зариф низ баромад намуда, дар суханронии худ доир ба ҳамкориҳои судманди сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дастовардҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон қайд намуд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
– таҷрибаи таъини ҷазоҳои алтернативӣ;
– таҷрибаи татбиқи қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳангоми баррасии баҳсҳо марбут ба муфлисшавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
– унсурҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии коргузории судӣ: тамоюл ва дурнамо;
-хусусиятҳои хоси баррасии парвандаҳо вобаста ба фарзандхондӣ;
– таҷрибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба парвандаҳо марбут ба киберҷиноятҳо;
– адолати маъмурӣ дар Қазоқистон;
– ташаккул ва рушди мурофиаи судии маъмурӣ дар Федератсияи Россия.

Сипас, Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, судяҳо ва дигар иштирокчиёни ҷаласа баромад намуда, фикру андешаҳои худро оид ба муҳимияти мавзӯъҳои баррасишаванда, рушди қонунгузории кишвари худ, дар ҳамин замина беҳгардонии таҷрибаи судӣ ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои мақомоти судӣ дар соҳаҳои гуногуни татбиқи ҳуқуқ иброз намуданд.

Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки Раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида, тибқи он дар назар дошта шуд, ки минбаъд низ байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо ҳамкории судманд идома дода шавад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории ҷаласаҳои мазкур ва рушди ҳамкориҳо миёни мақомоти судии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай имкон медиҳад, ки қонунгузории миллӣ ва раванди ислоҳоти судию ҳуқуқии кишварҳои аъзо таҳким ёфта, ҷиҳати шиносоӣ пайдо кардан аз таҷрибаи судӣ ва татбиқи амалияи мусбии ҳамдигарӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд дар ҷомеа мусоидат намояд.
Чорабинии мазкур дар руҳияи созанда, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.