СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Муқовимат ба коррупсия — мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Асосан мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва баратарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст. Рўзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Бо тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Инчунин бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агентӣ) таъсис дода шуд. Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 №414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Корманди дастгоҳи
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе
лейтенанти калони адлия Маҳмадрасулзода Ф.М.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 
