Мақолаи муовини раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия Шамсуллозода Абдурашид Маҳмадсаид, дар бораи нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Сиюми апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат иҷро гар- дид.Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат “натиҷаи ҳамкории доимии мақомот бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшӯроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо мебошад”. Маҳз фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» ва дигар масъулини вобаста ба ин чора- бинии муҳими сиесӣ буд, ки нақшаи сафарбаркунии ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона ва дар давоми як моҳ пеш аз муҳлат иҷро гардид. Боиси хушнудист, ки солҳои охир ҳанӯз аз рӯзҳои аввали маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлақат ҳазорон нафар ҷавонони бонангу ори кишварамон ихтиёрӣ ба комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, барои хизмат дар Артиши миллӣ омода будани худро иброз медоранд. Ин аз як тараф гувоҳи боло рафтани рӯҳияи худшиносию ватандӯстии ҷавонони мамлакат бошад, аз тарафи дигар натиҷаи сол то сол беҳтар шудани шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ аст. Дар ҳар қисми ҳарбӣ мавҷуд будани «Хонаи мулоқоти аскарон бо волидайн», китобхона, майдонҳои варзишӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Мувофиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, таҳти рақами 1753 «Хизмати ҳарбӣ ба принсипҳои зерин асос ме- ёбад: 1) қонуният; 2) эҳтиромиҳуқуқуозоди- ҳои инсон ва шаҳрванд; 3) садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон; 4) садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 5) риояи интизоми ҳарбӣ; 6) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва дах- лнопазирии онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ; 7) яккасардорӣ ва риояи мартабот; вобаста набудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ». Президенти мамлакат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони мамлакат ҳанӯз 23 майи соли 1997 чунин таъкид намуданд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаётдӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд… Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан обу хоки бобокалонҳои номовари мост. Квсе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳарубародари худ саркашӣ мекунад. Риояи талаботиоинномаҳои ҳарбӣ ва ҷорӣ намудани интизоми қатъии ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати омодагии комилионҳо дар ҳифзи Ватан ва даъват ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, уҳдадории ҳар як хизматчии ҳарбӣ пеш аз ҳама итоат ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ аст. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва ухдадори ҳарбӣ ба таври инфиродӣ Савганди ҳарбӣ қабул намуда, онро бо имзои шахсии хеш тасдиқ менамояд. Яке аз омилҳои асосии рушди босамари Қувваҳои Мусаллаҳ риояи қатъии қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ дар он ва аз арзишҳои маънавӣ бархурдор будани хизматчиёни низомӣ мебошад. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: «Риояи қатъии қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ дар фаъолияти ҳар як ҷузъу томи низомӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асо- сии он таъмин намудани волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Бинобар ин, риояи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва омодагиву омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша дар маркази диққати ҳар як роҳбари ҷузъу томҳои низомӣ қарор дошта бошад». Сарбозон дар давоми хизмати ҳарбӣ ба тамрину машқҳои ҷисмонӣ, дар соҳаи гуногуни омӯзишӣ, ба монанди оташфишонӣ, тактикӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва низомӣ фаро гирифта мешаванд. Инчунин, барои хизматчиёни ҳарбӣ вақти мутолиаи китоб, рӯзномаю маҷалла ва истироҳат кардан низ ҷудо карда шудааст. Ихтиёрӣ ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ беҳтарин сифати ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, ин гуна ҷавонон фарзандони шоистаи халқу миллат ба шумор мераванд.