Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти судӣ
Рӯзи 2-юми январи соли 2018 таҳти №1480 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таъғйирот ворид гардид, ки мувофиқи он рӯзи 26-уми октябр – «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» муқаррар карда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуда, ба сӯи инкишофи мустақилона қадам ниҳод. Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқи дар раванди амалигардонии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқи заминаи ҳуқуқӣ гузошт, зеро мавчудияти низоми мустақил ва беғарази судӣ яке аз шартҳои муҳими рушди демократия, таҳкими афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “фаъолияти судҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муҳимтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”. Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеъа то рафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеъаи шаҳрванди нигоҳ медорад. Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Мо боварии комил дорем, ки бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти судӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, дар иҷрои вазифаҳои конститутсиониашон дар самти ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат устуворона қадам ниҳода, дар пешрафти кишварамон нақши худро мегузоранд. Бо истифода аз фурсати мазкур бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоем. Бори дигар Иди касбӣ ба хамаи Шумо муборак ҳамкасбони азиз!
Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Шарифзода Р.Ҳ.