Табрикот ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Боиси хурсандист, ки пиру ҷавони кишвар имсол ҷашни фархундаи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тинҷию осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамдилӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз кишвари озоду соҳибистиқлол бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо руҳияи баланди ватандорию ватанпарастӣ ҷашн мегиранд.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт аст.
Дар ин маврид муҳтарам Пешвои миллат барҳак зикр намуданд: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».
Мо дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш меравем.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.
Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо сиҳатмандӣ, бахту саодат, баракати рӯзгор ва дар фаъолияти басо пурмасъулатон муваффақиятҳо орзу менамоям.
и.в.Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия Шарифзода Рудоба

