Истиқлолият-неъмати бузургтарини тоҷикон

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва боарзиштарин наъматест, ки ҳар як халқу миллат барои ба даст овардани он бисёр ҷонбозиҳоро аз сар мегузаронанд. Имрӯзҳо дар рӯйи ҷаҳон қавму қабилаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки аҳолияшон ба миллионҳо нафар мерасад, аммо аз ин ганҷи бебаҳо бебаҳраанд. Онҳо доимо дар талоши онанд, ки истиқлолият ба даст оранд ва зиндагии орому осудаеро доро бошанд. Чунки сарчашмаи ҳама хушбахтиҳои зиндагии инсоният маҳз истиқлолияту ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Истиқлолияти миллӣ орзуи беш аз ҳазорсолаи мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт. Миллати тоҷик дар як замоне мустақилияташро ба даст овард, ки дигаргунии сиёсӣ дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Яъне Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрда буду ҳар миллат мехост, ки худ мустақилона истиқлолияти давлатии худро ба даст орад. Дар он замони мушкилтаррини давлатдорӣ миллате, ки дорои истиқлолият буд, метавонист худро дар қатори дигар давлатҳои соҳибистиқлол қарор диҳад ва рушди нумӯъ намояд.
Чун ба гузаштаи дури таърих нигарем, мебинем, ки тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳанӯз дар асрҳои IX-XII пеш аз мелод давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Марғиёна ва Хоразми Бузургро сомон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути лашкаркашиҳо ва ҳамлаҳои бераҳмонаи давлатҳои абарқудрати он давраҳо истиқлолияти худро аз даст дода, бо нангу ори тоҷиконаи худ соҳиби давлату миллат ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос гардидаанд. Ҳамлаҳои Ҳахоманишиҳо, Искандари Мақдунӣ, арабҳо, Салчуқиёну Ғазнавиён, Қарахониёну Муғулҳо ва Темуриёну манғитиҳо боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои куҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки тоҷикон гардид. Ҳамеша ҳиси истиқлолиятхоҳӣ, озодидӯстӣ ниёгонамонро ба корнамоиҳою шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли он баъди ба тасарруфи арабҳо хонадонҳои маъруфи ибтидои садаи асри нуҳум Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён муваффақ гаштанд, ки ба давлату амнияти миллӣ эҳё бахшанд, абармарди миллат, чун Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ тавонист, давлати мутамаркази соҳибихтиёру миллии тоҷиконро таъсис диҳанд. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ва тамоми унсурҳои он марзи ягона, забони адабии тоҷикӣ ва маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Беҳуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халқи моро давраи тиллоӣ меноманд. Дар ин давра илму фарҳанги мо бисёр нобиғаҳои нотакрор, чун Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ал-Хоразмӣ ва Рӯдакию Фирдавсиро ба тамаддуни башар пешкаш кард.
Бинобар ин соли 1999 мо 1100-солагии таъсиси ин давлатро ҷашн гирифтем, то пояи ифтихори миллӣ ва ҳисси хештаншиносии худро боло барем. Соли 999 давлати Сомониён зери зарбаҳои қабилаҳои турк-Салчуқиёну Қарахониҳо ва Ғазнавиён аз байн рафт. Инони истиқлоли тоҷикро онҳо рабуданд. Солҳои 60-80-уми асри XIX Русияи Подшоҳӣ сарзамини Осиёи Миёнаро забт кард. Дар ин вақт ҳам мардуми заҳматкаши мо зери зулми дутарафа буданд. То муддати ин солҳо халқи тоҷик мехостанд дорои истиқлолияти ягонаи худ бошанд. Аммо аз дасти ин душманони ғаддор наметавонистанд, ки ба истиқлолияти комили давлатии худ бирасанд. Фақат соли 1924 дар натиҷаи тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии Шӯравӣ аввал чун Ҷумҳурии Мухтор ва аз соли 1929 чун Ҷумҳурии Шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Тақсимоте, ки дар солҳои 1924 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад, дар таърих бо номи таърихи табартақсим низ мегӯянд. Яъне баъзе аз корҳо бо роҳи зӯроварӣ ба анҷом мерасиданд. Ин зинаи аввали расидан ба истиқлолияти баъди сукути давлати Сомониён буд. Лекин ин истиқлоли комил набуд.
Мардуми сарбаланди тоҷик аз солҳои 90-асри ХХ сар карда, оид ба истиқлолият ва идоракунии давлаттамоми ҷидду ҷаҳди худро равона карданд. 24 уми августи соли 1990 оид ба сиҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ эъломия қабул карда шуд. Дар баробари ин 9 уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар қатори дигар давлатҳои ИШ соҳибистиқлол эълон намуд.
Ҳамин тавр, миллати мо тавонист, ки дар натиҷаи саъю талоши зиёди зиёиёнаш дар атрофи давлати худ боз ҳам зиҷтар гардад, пешвоёнашро ба ҳам оад ва онҳоро кафили сулҳу ваҳдат гардонад. Дар бобат шоири барҷастаи миллати тоҷик Лоиқи бузургвор дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани ин миллати куҳанбуёду сарбаланд ва аз миллатчигӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик хуб гуфтааст.
Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем,
Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.
Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,
На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке инсон созем!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳои миллатро аз шарофати истиқлолияти мебинанд ва оғози истиқлолияти тоҷикро аз барпо гардидани Инқилоби Октябри медонанд. Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” хело хуб гуфтаанд, ки мазмунаш чунин аст: “Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеди дубора бахшид, халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳиби давлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард. Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд, барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолияти озод муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар воҳидҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст, деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гардиданд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг босуръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарини соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд. Вале ба назари мо, аз ҳама муҳимаш он буд, ки дар ин даврон забони тоҷикӣ аз нав ҷон гирифт ва тавассути софкории обидону олимон, заҳмати пайвастаи зиёиён хеле суфтаву ҷолиб гашт. Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт.”
Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз ганҷинаи волотарин ва пурарзиштарин ба ҳисоб рафта, мо мардуми шарафманди тоҷик аз дилу ҷон ва бо як меҳру муҳаббати беандозаи ватандорӣ барои пойдору устувор мондани ин неъмати худовандӣ тамоми саъю талошамонро равона месозем. Чунки тамоми пешравиҳову комёбиҳои миллатамон, бе ягон шакку шубҳа, ба истиқлолият робитаи зич дорад.
и.в.Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия                   Шарифзода Рудоба