Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Тамоми ҷавонон ва мардуми сарбаланди Точикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо саломативу иқболи нек ва комёбиву пешрафтро дар кору фаъолияташон орзу менамоям.
Ҳамасола 23 — май дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон доимо диққати махсус зоҳир менамояд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогохӣ, ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз диди нек ва густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи солими насли ояндасозӣ мамлакат мебошанд.
Ҷавонон имрӯзҳо идомадиҳандаи сунатҳои таърихиву фарҳанги қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи афкори нав, эҷодкори тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, пайрави сиёсати хирадмндонаи Пешвои миллат мебошанд.
Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

  •        Раиси  суди ҳарбии 
  •        гарнизони Душанбе
  •        полковники адлия                                                      Раҷабзода Ҳ.Н.