6 – НОЯБР РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯем.

Бо шарофати ин санади муҳими тақдирсоз ва саъю талошҳои шабонарӯзии Асосгузори суҳлу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари азизамонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мешиносанд.

Ба муносибати ин ҷашни фархунда ба мардуми азизамон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзумандем.

Бо эҳтиром,

Кормандони суди ҳарбии гарнизони Душанбе