МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

3 сентябри соли 2021 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён аҳли маҷлисро бо 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.
Баъд аз ин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ҳозиринро ба Ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба судяҳои судҳои ҷумҳурӣ мукофотҳои давлатиро, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти назаррас ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд, супориданд .

IMG_9748.JPG
Қайд карда шуд, ки дар 30 соли сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Бо қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қайд гардида, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия мақоми худро пайдо карда, айни замон танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо такя намуда, адолати судиро таъмин менамояд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли 1994, ҳамчун арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Кишвари мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гашта, принсипҳои ташкили низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Ҳоло бо боварии комил метавон гуфт, ки аз ҷониби судяҳои тамоми низоми судии кишвар дар самти баамалбарории адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини қонуният ва волоияти қонун корҳои арзанда ва шоиста анҷом дода шуда истодааст. Дар асоси қонунгузории мурофиавӣ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул карда мешаванд.
IMG_9757.JPGДар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ дар мавзӯъҳои «Истиқлолият – шиносномаи ҳастии давлат», «Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ», «Ташаккули асосҳои ҳуқуқии адолати судӣ дар давраи Истиқлолияти давлатӣ» ва «Истиқлолият ва рушди қонунгузории миллӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.