30 – СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сӣ  сол муқаддам Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, шарафёб шуд. Инак, бистуҳафт сол аст, ки дарахти тановари истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар авҷи нашъунамост. Бояд ба як воқеияти таърихӣ эътироф кард, ки шаклгирӣ ва таҳкими истиқлолияти кишварамон бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешак, истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва хуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард. Барои расидан ба ин рӯзҳои хушу босаодат дар оғози роҳи истиқлолият кишвари моро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Солҳои ниҳоят сангину фоҷиабор ба сари миллатӣ тоҷик омад. Алангаи оташи хонумонсӯзи ҷанг домани сарсабзи киш­вари ободи моро месӯхт, ки дар натиҷа садҳо ҳазор ҷавонмардон шаҳид гашта, ҳазорон хонаҳо валангор, ҳазорҳо оила бесарпаноҳ, кудакони зиёд ятиму бепадар ва ҳудуди як миллион нафар фирорӣ шуданд. Касе умед надошт, ки рӯзе дар Тоҷикистон ба ҷои садои тиру туфанг боз садои хандаи тифлони маъсум ба гуш мерасад ва ҷароҳатҳои ҷонкоҳи пайкари ба хун оғуштаи Ватан боз ба ҳам меоянд.
Дар замоне, ки риштаи эътимоду боварӣ ва умсд ба фардои нек бурида буд, ба бахти миллати мо фарзанди баруманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни сиёсат кадами устувор гузоштанд ва нахустин паёме, ки ба мардум ироа гардид ин ҳарфҳои деринтизор буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин паём калиди кушоиши ҳама уҳдаҳои сарбаста ва мушкилоти ҷомеаи мо буд ва дар навбати худ маромномаи фаъолияти ҳамонвақтаи Эмомалӣ Рахҳонро ифода намуда, аз азми қавӣ ва ҷасорати фавқулода доштани роҳбари ҷавони давлати тоҷикон шаҳодат медод. Рисолати таърихии Эмомалӣ Рахмон дар он давра ин буд, ки мил­лати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Имзо шудани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият аст, ки баъдан дар тамоми арсаҳо барои татбиқу роҳандозии барномаҳои азим заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Псшвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст».
Хусусан, дар ин давра, ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ заминаҳои хеле устувор гузошта шуданд. Дар ин замина баргардонидани ҳудуди як миллион гуреза ба Ватан, аз чанги гуруснагӣ раҳонидани мардум, барқарор кардани офатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бунёди манзилгоҳҳои харобгашта, роҳҳо, иншооти маъмурӣ ва таъиноти маишӣ, мактабҳо, беморхонаҳо аз ҷумлаи умдатарин вазифаҳои давлат буданд, ки муваффақона, анҷом дода шуданд. Ҳамгироӣ, якдилӣ, ҳамраъйӣ ва муттаҳиду аҳлона зистан усулан баёнгари сиёсати сулҳхоҳона ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлат мебошад. Бо гузашти кариб се даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.
Дар ин давра таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иртиботиву иқтисодӣ доштанд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имруз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, ваҳдати миллӣ, ки сарҷамъиву муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазоӣ орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин росто ба бунёди иншоотҳои бузур­ги ҳаётан муҳим замина гузошт. Ормони ҳазорсолаи халки тоҷиқ истиқлолият танҳо дар охири асри XX насиби мардуми мо гардид. Ин давлати тозаистиқлол ва мустақилу соҳибихтиёр бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт, ҷилои тоза пайдо кард, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Бо ин максад, бо ҷасорату шуҷоати фавқулода ба ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созанда тарҳрезӣ шуда, низоми мукаммали давлатдорӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти созанда ва корсозиҳои ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти таъсиси Артиши миллӣ, роҳандозии пули миллӣ ва қабулу муаррифии муқаддасоти миллӣ гувоҳӣ равшани он аст, ки бо талошҳои пайваста ҷиҳати таҳкими аркони кишвардорӣ мақоми сазовори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Пояҳои давлатдорӣ, хусусан ҷанбаҳои бунёдӣ ва арзишии он дар мактаби сиёсӣ ва давлатдории миллии Роҳбари давлат бо шаклу мазмуни наву муосир такмил ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд роҳи минбаъдаи худро пайдо кард.
Тарҳрезии дурусти барномаҳои азими иқтисодӣ, хусусан, бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди пахта, ришта, матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ, истеҳсоли семент, ангишт, нуриҳои маъданӣ, тилло, нуқра, сурма, инчунин рушди саноати сабук, ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи он тадбирҳои муҳиме буданд, ки барои тақвияту иқтидори иқтисодии кишварамон такони ҷиддӣ бахшиданд. Илова бар ин, татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти миллӣ дар самти энергетика барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии давлат — истиқлоли энергетикӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд. Бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, таҷдиди чархаҳои неругоҳҳои Норак, Сангтуда ва Кайроқум ҷиҳати афзудани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ва махсусан бунёди неругоҳи бузурги аср — Роғун нишона аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Ба ибораи дигар бунёди Роғун, ки воқеан барои кишвари мо ба кохи муҳташами нур баробар аст, ба рушди босуръати иқтисодӣ ва ба ма- ротиб бехтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон дар ояндаи наздик нақши ҳалкунанда дорад. Дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва афзалиятнок баршумурдани он, ки ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шу­дани насли ҷавон нигаронида шудааст, яке аз самтҳои бунёдӣ ва усулии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бунёди донишкадаву донишгоҳҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишкадаву донишгоҳҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба руш­ди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд барои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ ва татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ дар ҷомеа заминаҳои мусоид эҷод кард. Хусусан, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Ҳизби халкии демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар раванди сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол як падидаи наве буд. Ҳизб, бешубҳа ҳамчун мактаби низоми сиёсӣ дар ташаккули сиёсии шахс таъсири созанда дорад. Ҳоло ҳизби мо худуди ниммиллион аъзо дорад ва нақши он дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мегардад. Дар маҳдудаи ин мақола оид ба мактаби одамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудани чанд нуқтаро низ муҳим мешуморам. Ӯ воқеан дар баробари яке аз сиёсатмадорони шинохташудаи сатҳи байналмилалӣ ҳамчун инсон ниҳоят дилсӯзу меҳрубон ва раҳмдилу фурутан мебошанд. Ҷавонмардиву дарёдилӣ аз хосиятҳои фитрии Пешвои мост. Маҳз ба ҳамин хотир андешаву суханон, амалҳои неку созандаи Роҳбари давлат дар дилу дидаи мардум роҳ ёфта, дар ҷомеа ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ки воқеан рисолати инсонии ӯст, эътироф шудааст.
Бояд қайд сохт, ки Президенти мо – Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум баромадааст. Ин шахсияти бузург дар баро­бари роҳбари оқилу дурандеш ва ботаҷрибаву солор будан, инчунин одилу адолатпеша низ ҳастанд ва мо ҷовонон худро пайравони содиқи мактаби бузурги сиёсӣ, давлатдорӣ ва одамияти Эмомалӣ Раҳмон медонем.

  • Раиси суди ҳарбии 
  • гарнизони Душанбе 
  • полковники адлия                                                             Раҷабзода Ҳ.Н.