Паёми табрикотии Раиси суди харбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. ба муносибати Рузи Модар

Паёми табрикотии Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. ба муносибати Рўзи Модар

​ ​ Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз!
Дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи Соли нави аҷдодӣ тамоми бонувони иззатмандро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рўзи Модар самимона табрик гуфта, барояшон иқболи некў, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.
Ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеа мебошад, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург буда, нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рўзгор мебошад. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем.
Бори дигар, ҳамаи Шумо, бонувони азизро бо ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек орзу менамоям. Бигзор, дилҳои Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои ҷўшон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд.
Идатон муборак бонувон ва хоҳарони азиз!