ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ РАҶАБЗОДА ҲОТАМ НАЗАР БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ 2021
ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ РАҶАБЗОДА ҲОТАМ НАЗАР БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ 2021
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2020 барои мардуми кишвари азизамон аз лиҳози сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ соли муҳиму хотирмон мемонад. Имсол мардуми шарифи кишвар ҷашни бошукӯҳи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати хоса таҷлил намуда, бори дигар бо ифтихору сарбаландӣ аз Ватани азиз ва Пешвои миллати худ ба ҷаҳониён нишон доданд, ки содиқона баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллии худ талош хоҳанд кард.
Рӯйдоди хотирмони соли сипаригашта интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мардум якдилона ба тарафдории сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъйи худро додаанд.
Эътимоди комил дорем, ки мардуми сарбаланди кишвар дар соли 2021 низ бо саъю талоши дучанд заҳмат кашида, бо иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи худ баҳри афзун гардонидани дастовардҳои мавҷуда камари ҳиммат мебанданд.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар Соли нав, пеш аз ҳама, идома бахшидан ба раванди таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон, ҳамчунин, тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихию фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои неки умумибашарист.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони азизро, бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 табрик гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва иқболу сарбаландиро таманно дорам. Бигузор Соли нав барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифи он соли бобарор, пурфайзу бобаракат ва соли амалӣ гардидани орзуҳову ҳадафҳои созанда гардад.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!