МУРОҶИАТНОМАИ раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н. вобаста ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Тавре огаҳӣ дорем, санаи 11-уми октябри соли 2020 маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ин рӯ ҳамаи моро зарур аст, бо дарки масъулияти баланд дар интихобот иштирок намуда, бо овоз додан ба номзади арзанда иродаи худро баён намоем.
Интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ буда, халқи тоҷик бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз ҳуқуқи бошарафонаи интихоб кардан ва интихоб шудан, ки хоси мардуми озода аст, бархурдор гардид. Дар ин росто, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор аз он дорем, ки ҳамчун инсони озоду соҳибватан иродаи худро бо роҳи интихобот ифода намуда, обруву манзалати ватани азизамонро дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон маҳз аз ин роҳ таъмин карда истодаем.
Имрӯз тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ҳар яки мо бо барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуда, дар вохӯриҳо иштирок намуда, нияту ҳадафҳои онҳоро барои рушди Тоҷикистон дар 7 соли оянда дарк намоем ва сари қуттиҳои овоздиҳӣ тасмими дуруст бигирем.
Интихобот ин василаи муҳимми сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллат дар атрофи ғояҳои ватансозӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, айни замон, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, бо назардошти маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода бояд дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ сарҷамъона кӯшиш намоем. Зеро мутаасифона, то ҳануз ҳастанд гурӯҳҳое, ки тоби дидани ваҳдату суботи миллати тоҷикро надоранд ва дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолиамонро ба ҳар роҳу восита мехоҳанд хурд нишон диҳанд.
Маҳз дар чунин шароит вазифаи мо аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки ба ин гурӯҳи фиребхӯрда роҳи дурусти зиндагии шоистаро нишон диҳем ва асолати ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созем. Дар ин шароити пурташаннуҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо ҷилавгирӣ аз зоҳирпарастиву бегонаманишӣ ояндаи ободу осудаи фарзандони худро таъмин намоянд.
Бо дарки ин гуфтаҳо, дар шароити муосири геополитикӣ муҳимтарин иқдоми мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ин иштироки фаъолона дар Интихоботи Президентӣ ва ифодаи иродаи созандаи худ мебошад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона ба сӯи ояндаи босаодати худу фарзандонамон қадам гузошта, пояҳои Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшем.
Дар ин роҳ аз ҳар як шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки:

Биёед барои ободии ин Ватану сарсабзии ин сарзамин софдилона хизмат намоем,
Биёед ба қадри ин ҳама озодиҳо расида, барои ояндаи дурахшони миллат масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намоем,
Биёед барои рушди кишвари озоду соҳибистиқлоламон санаи 11-уми октябри соли 2020 дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ояндаи давлати худро муайян намоем.

Бо эҳтиром,

  •                  Раиси суди ҳарбии 
  •                  гарнизони Душанбе
  •                  полковники адлия                                      Раҷабзода Ҳ.Н.