Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н. ба муносибати Рӯзи Забони Давлатӣ

 

Ҳамватанони азиз!

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад.

Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.

Аз ин лиҳоз, барои мо гиромидошти забони миллӣ ва истиқлолу ватанхоҳӣ бо ҳамдигар пайванди зич доранд, ки инро таърихи тоҷикон дар мисоли сиёсати забонии давлати Сомониён собит сохтааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ ва бо мақсади тақвият бахшидан ба пояҳои забони давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои инкишофи он ва қонеъ намудани ниёзҳои ҷомеаи кишвар 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид.

Дар муддати ёздаҳ соли гузашта доир ба татбиқи қонуни нави забон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале ин ҳанӯз кам аст.

Чунки забон мисли ҷисми зинда аст ва ба ғамхории доимӣ ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, баъзе моддаҳои қонун бо дарназардошти талаботи кунунии ҷомеа бояд бознигарӣ шаванд, то воқеияти имрӯзаи кишварро инъикос намоянд.

Забони тоҷикӣ иқтидори бузурги илмиву луғавиро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дорад ва мо соҳибзабононро зарур аст, ки барои таъмин намудани пешрафти муназзами он пайваста кор кунем.

Махсусан, вазъи истилоҳоти илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳияи дастуру китобҳои илмӣ дар самти зикршуда эътибори ҷиддӣ диҳем.

Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мазкурро зарур аст, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои забонамон ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он, дар навбати аввал, имкониятҳои дохилии забони таърихан пуриқтидорамонро васеъ истифода баранд, яъне калимаву истилоҳоти мавҷудаи давраҳои гуногунро, ки имрӯз қобили истифода мебошанд, ба гардиш ворид намоянд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад.

Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем.

Дар интиҳои сухан, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!