Ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе

Санаи 13-17 апрели соли ҷори дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи судҳои  суди ҳарбии гарнизони Душанбе шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, судҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар курси мазкур Тағоев Шермуҳаммад Юсуфхонович мутахассис-коргузори суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва Қаҳоров Шарофҷон Киромидинович котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Курси такмили мазкур бо роҳбарӣ ва фаҳмонидани мавзӯҳо аз тарафи Додозода Абдуманон – сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Иштирокчиёни ба курс фаро гирифташуда, баргузории чунин курсҳоро имконияти мусоид баҳри баланд бардоштани савияи дониши назариявию касбии кормандон ва минбаъд самаранок  гаштани фаъолияти онҳо арзёбӣ намуданд.

Дар курси такмили ихтисос аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида, мавзӯҳоро дар хусуси омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, намунаҳои санадҳои судӣ ва дигар мавзўъҳоро фаро гирифтанд.

Дар анҷоми курс аз ҷониби Завқизода Солеҳ Амин – директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъол ба хатмкунандагон сертификати шакли муқарраргардида тақдим карда шуд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории курс