ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ РАҶАБЗОДА ҲОТАМ НАЗАР БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ РАҶАБЗОДА ҲОТАМ НАЗАР БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Ҳамдиёрони гиромӣ, мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!!!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас барору комёбиҳо орзу менамоям. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбии худ дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имтиҳони ҷиддии ҳаётро паси сар намудаанд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯсти асил будани худро собит намудаанд.
Сарфармондеҳи Олиии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намудаанд: “Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст”. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Сол аз сол беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронида шудани машқҳои ҳарбӣ боиси афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк намоянд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро доранд ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба сар барад. Бори дигар фарорасии Рӯзи Артиши миллиро ба Шумо мардуми шарифи Тоҷикистон, сарбозони шуҷоъи Ватанӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатию саломатӣ ва дар фаъолияти пурифтихори хизматӣ комёбиҳо орзу мекунам.