ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156; с. 2017, № 1-2, мод. 28, мод. 29, № 5, қ. 1, мод. 290; с. 2018, № 7 – 8, мод. 526; с. 2019, № 4-5, мод. 225) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

  1. Ба моддаи 13 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«6. Муқаррар намудани ҳама гуна табъиз, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, мансабӣ ва молумулкии шаҳрванд, ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ манъ аст.».

  1. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 28 калимаи «шаҳрвандонро» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро» иваз карда шавад.
  2. Дар қисми 4 моддаи 41 калимаҳои «қатъ карда» ба калимаи «боздошта» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1672

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2019, № 1503

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» – ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 731