ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

Моддаи 1. Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, № 3, мод. 125; с. 2006, № 4, мод. 193; с. 2007, № 5, мод. 356; с. 2010, № 3, мод. 156, № 12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, № 7, мод. 700, № 12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, № 7, мод. 504; с. 2015, № 3, мод. 200; с. 2016, № 7, мод. 612; с. 2019, № 1, мод. 4), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

  1. Ба қисми 2 моддаи 242 банди чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҳуқуқи моликият ба молу мулке, ки ихтиёран (бо созиш) ё маҷбурӣ нисбати он рӯёниш татбиқ шудааст, бо риояи талаботи қонун ба даст оварда мешавад.».

  1. Қисми 2 моддаи 377 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Агар роҳ додан ба вайронкунии ӯҳдадории бо гарав таъминшудаи қарздор хеле ночиз бошад ва андозаи талаботи гаравгир дар натиҷаи он ба арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда тамоман номутаносиб гардад, талаби ситонидани молу мулки ба гарав гузошташуда метавонад рад карда шавад. Вайронкунии роҳдодаи қарздор хеле ночиз ва андозаи талаботи гаравгир ба арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда тамоман номутаносиб дониста мешавад, агар андозаи талаботи гаравгир на зиёда аз 10 фоизи ӯҳдадориҳои бо гарав таъминшударо ташкил диҳад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1657

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 11 декабри соли 2019, № 1533

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 717