29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак

Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми хизматчиёни ҳарбиро ба фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба якояки онҳо тандурустӣ, саодати рӯзгор, садоқат ба Ватан ва халқу миллат дар фаъолияти кориашон таманно дорам.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, дар як муддати кутоҳи таърихӣ он ба як Артиши бо ҷузъу томҳои муосир мукаммал табдил дода шуд.

Сарбозону афсарони далеру шуҷои Артиши миллӣ дар рӯзҳои барои Ватану миллат вазнин корнамоиву қаҳрамониҳо нишон дода, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, тамомияти арзӣ, амну субот ва тинҷиву амонии Ватани маҳбубамонро ҳифз намуда, аз имтиҳону озмоишҳои тақдир сарбаландона ва бошарофона гузаштаанд.

Бори дигар ин санаи фараҳбахшро ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ муборакбод гуфта, барояшон бахту саодат, иқболу обрӯ, рӯҳи ҷисми болида ва дар фаъолияти пурмасъулияташон баҳри шукуфоии Ватани азиз муваффақиятҳо таманно дорам.

 

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                                            Раҷабзода Ҳ.Н.