29-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он

29-СОЛИ  ИСТИҚЛОЛИЯТИ

Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он

Ба даст овардани истиқлолият , ки туҳфаи бебаҳо ва деринтизори мардуми тоҷик буд, дар шоҳроҳи иқдоми миллати тоҷик роҳи рушди комилан навро кашф намуд. Пас аз солҳои парешонӣ, ҷангу ихтилоф ва қурбониҳо, миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт.

Яъне, 9 сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 24 ноябри соли 1991 нахустин интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 21 ноябри соли 1991 Тоҷикистон Узви Иттиҳодияҳои Давлатҳои мустақил ва 2 марти соли 1992 Тоҷикистон ба Созмони Миллали Мутаҳид шомил гардид.

Ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар як муддати кутоҳ миллион нафар гурезагонро ба Ватан баргардонида, садҳо ҳазор манзил, мактабу биноҳои маъмурӣ, пулҳои харобгардида таъмир ва барқарор карда шуд. Маҳз истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки имрӯзҳо бунёду барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқию обӣ, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо бо суръат идома дошта, рӯ овардан ба осори гузаштагон, эҳтиром ба таърихи ниёгон, эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳон афзун намуд.

Яке аз дастовардҳои истиқлолият  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки арзиши аз ҳама воло эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро амри таъхирнопазир гардонид.

Бояд қайд кард, ки ҳадафи давлату Ҳукумат, дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи субботу амнияти он мебошад ва хушбахтона, мо сулҳро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеиятӣ ба даст оварда, дар фазои ин неъмати бузург кору зиндагӣ дорем.

 

 

  •  Раиси суди ҳарбии
  •  гарнизони Душанбе
  •  полковники адлия                                      Раҷабзода Ҳ.Н.